Ба ҳамаи мо аз расонаҳо маълум аст, ки як гурӯҳи хоинони давлатамон дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, бар зидди кишвари худ санггпартоӣ мекунанд. Ва ҳаммаслакони худро ба кор меандозанд. Ин нохалафон дар шабакаҳои интернетии ютубу дигар сомонаҳо ба паҳн кардани ҳар гуна хабару иғвоҳо ва суханрониҳои беҷоя машғуланд. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони бонагу номуси тоҷик гуфтаҳои иғвоангези хоинони миллат аҳамият намедиҳанд ва намегузоранд, ки ба миллати хеш газанде бирасад.

     Ифтихор аз он дорем, ки  миллати тоҷик мо бо нангу номус ва ҷасорату матонати худ марзу буми хоки аҷдодии хешро ҳифз менамоянд ва намегузорем, ки нохалафе тинҷию осудагии моро халалдор намоядМо тоҷикон миллати сулҳдӯст, меҳмондӯст бомадинияту бомаърифат мебошем

. Тоҷикон дар  тамоми дунё мақоми арзанда дошта,  бо таърихи куҳан ва фарҳанги воло шӯҳратёб гаштааст. Мардуми ноҳияи Шаҳристон хеле бо якдигар иттифоқ мебошанд. Дар ноҳия миллатҳои ӯзбек, қирғиз ва қазоқ зиндагонӣ мекунанд, ки онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд ва бо тоҷикон муносибатҳои хешутаборӣ дошта, байни ҳамдигар ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе хусумат ва  бе адовати миллӣ зиндагонӣ мекунад. Қирғизҳо дар деҳаи Фирдавсии минтақаи ҷанубии ноҳия истиқомат мекунаду бо чорводорӣ мағул мебошанд. Нооромии сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон мардуми қирғизнишини ноҳияи Шаҳристон вокуниш ва ақидаи ибрози худро оиди ин нооромии марзӣ баён намуда, мегӯянд, ки мо ҳама як инсон ҳастем, як бародару як қавм буда, байни худ набояд кинаву ғараз дошта бошем ва ҳалли масъалаҳои сиёсиро набояд бо силоҳу хунрезӣ, балки бо гуфту шунидҳои сулҳовар байни намояндагони ду миллат ҳалу фасл намоем.

    Чи тавре ки шоири ширинкаломи мо М. Турсунзода овардаанд.

                 Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

                 Бо тапиданҳои беороми рузафзуни дил.

                 То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,

                 Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.

    Дар ҳақиқат,хотири ҷамъи падару модарон ва зиндагии осудаву хоби ороми кӯдакон ин худ як барқарориву мавҷудияти сулҳу амонӣ маҳсуб мешавад.

Маҳмудова Фароғат Мирзонасриевна, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд