Воқеъияти зиндагӣ ва ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати зарурӣ, сатҳи баланди худшиносӣ надошта бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилӣ таъмин намегардад.

Дар шароити кунунии авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии аҳли ҷомеа аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Зеро имрӯз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари  ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки терроризм дар тамоми даврони зиндагии инсоният воситаи даҳшатбор ва бадбахтиовари муборизаи разилона ва ноҷавонмардонаи афроди ҷоҳилу нодон, авбош ва дузду қаллобу одамкуш алайҳи инсоният буду ҳаст. Аз ин рӯ, терроризм ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли муаммою мушкилоти зиндагии инсон шуда наметавонад, балки он як навъ вабо ва маризиест, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад.

Яке аз заминаҳои  асосии зуҳуроти терроризм манфиатҷӯии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмест, ки манфиати шахсӣ ва шуҳрату  ҷоҳталабии худро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд. Барои террористон забону миллат, арзишҳои миллию умумиинсонӣ, ватан, сарзамин, модар, муқаддасоти миллӣ, расму ойин, урфу одат – умуман унсурҳои зотию аслии ҳаёти инсонӣ ягон арзиш ё эътиборе надоранд. Барои онҳо молу сарват аз ҳама гуна муқаддасоту арзишҳои волои илмию фарҳангию маънавӣ болотар меистад. Онҳо пеш аз ҳама барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопоки худ аз нуқсону норасоиҳои ҳаёт, ҳолатҳои ногувори рӯзгори одамон айёрона истифода мебаранд.

Аз ин рӯ, заминаи дигари сарзании ин зуҳуроти манфур нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии иддае аз аъзои ҷамъият аст, ки дар натиҷаи афсункории сангдилону бадхоҳон ба доми макру фиреби онҳо меафтанд.

Террористон махсусан ҷавонони камтаҷриба, нодону ҷоҳил, ноогоҳу зудбоварро ба доми найрангҳои хеш ҷалб карда метавонанд. Бинобар ин, имрӯз зарур аст, ки сатҳу савияи донишу маърифати ҷавонон боз ҳам ба дараҷаи баландтар бардошта шавад, то ки қурбони фиреби бадхоҳон нагарданд.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки  дар мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пешгирии густариши фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ фаъолона ширкат варзанд, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хеш кӯшиш намоянд, моҳияти муқаррароти Конститутсия, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро хуб омӯзанд ва сармашқи кору пайкори худ қарор диҳанд.

         Мутаассифона ба ном «донандагони Ислом» имрӯз зери номи муқаддаси ислом ба таълимоте даст мезананд, ки ягон ҳарфи он дар «Қуръони азимушшанъ» наомадааст. Имрӯз ба ном  ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ аз қабили «давлати исломӣ», «Ал-қоида», «Толибон», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҷунбиши исломии Туркистон», «Чунбиши исломии Ӯзбекистон», «Ихвон-ул- муслим» ва даҳҳои дигар зери ниқоби ислом ба амалҳое даст мезананд, ки ба он инсони комил қодир нест. Пас ин тоифа пеш аз ҳама инсон нест. Аксари роҳбарони онҳо имрӯз дар мамлакатҳои осоишта зиндагӣ дошта, рулро ба ҳамон саркардаҳои фанатии худ додаанд.

         Ислом солиму солеҳ аст ва танҳо инсондӯстию рафоқатро миёни мардум талқин мекунад. Аммо ҷавонони соддаву гумроҳ ва ноогоҳ ба ваъдаҳои хоҷагон бовар карда, ба хотири маблағи зиёд гирифтану дар сурати фавтидан ба биҳишти адн рафтан ҷони ҷавони худро барвақт қурбон мекунанд.

Инсоне ки Ватанашро дӯст медорад пас вай Худовандро азизу мукаррам медорад. Дар оятҳои Қуръон омадааст, ки шахсе барои ҳимояи марзу буми хеш ҷасорат нишон медиҳад, пас ӯ дӯстдори Худованд аст. Ватани мо Тоҷикистон аст. Пас моро мебояд ин меҳанро ҳимоя кунем, на балки ба Сурияву Ироқ барои «корнамо»-и равем.

Насимова Манижа, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд