Иғвоандозӣ ва ҷудоӣ андохтан байни мардумони як миллат худ аз чи тавр будани кори муҳассилини ин ҳизби мамнӯъ гаштаи Тоҷикистон, яъне ТЭИ ҲНИ, ки имрӯз дар кадом маконе, ҷамъ омадаву Паймони миллӣ созмон додаанд, аз сӯҳбатҳои худхоҳонаи Алим Шерзамонов далел дод. Ва он ҳар паёмади дар кишвари мо ба вуқӯъ пайваста бевосита ба онҳо тааллуқ дорад, агар не пас чаро як як нафари ин Паймони миллӣ, ки замоне худро ифтихорманд аз аъзои наҳзатиҳо мегирифтанд. Имрӯз бошад, аз ин бологириҳо кадом осоре намондааст. Куҷо шуд он ғурури «воло»-и наҳзатиҳо, ки манманиҳо менамуданд. Ё худатон ҳам донистед, ки фаъолияти азҳобатон бефоида аст. Ҳатто онро вирди забон намеоред ва имрӯз бо ташкили созмони Паймони миллии худ чиро ба намоиш гузоштан хостед. Шерзамонови «муҳтарам» ин қадар таърихи миллати моро ба маънои «том»- аш медонистаед, ки Эмомалӣ Раҳмон чи корҳо кардааст. Бароям бисёр аҷиб афтод, ки мабодо ин амалҳои нангинро шумо баринҳо содир карда, чун ҳарвақта ба гардани мақомот бор накарда истода бошед. То имрӯз кӯшши намудед, ки мақомоти давлатиро гуноҳкор кунед. Аниқ шуд, ки тир ба ҳадаф нарасидааст, инашро монда ба сарвари давлат часпидед. Алим Шерзамонов ва дигар назҳатиҳо, ки аъзои фаъоли Паймонии миллӣ ҳастед, боз Кабирӣ зӯру тавонатон танҳо айбдор кунист. Вагарна ин қадар лақ-лақ нокарда, боре андешед, ки мақомотҳо худ оромиву озодиро дар сарҳадҳо таъмин менамоянду боз худи кори давлатро муташанниҷ мегардонанд, ин бӯҳтони беҳадаф ва ғайримаъқул ҳеҷ гоҳ дар зеҳни нафарони соҳибватан нахоҳад омад. Ин танҳо ақидаи пӯсидаи наҳзатиҳост, ки соҳибватан, ватанашро ба яғмо барад.

Ин кирдорҳоро танҳо сиёҳдилоне айнан тимсоли намояндагони ТЭТ ҲНИ метавонад, содир намоянд. Дар дохили миллат иғво андохтед нашуд, ҳоло оғоз кардаед, аз ҳар минтақаҳое, ки фармондеҳоантон паноҳ додаанд, лақида истодаед. Масъалаи бо Бадахшон кор гирифтани мақомоти давлати дар он аст, ки ин минтақаро аз дасти нохалафоне наҷот бахшад. На ин ки тобеи қудратгариаш созад. Бе ин ҳам ин вилоят, ин марз замини Тоҷикистон аст ва як сарвару як қонун дорад. Ягон афсона ва давом додани қудрати хонаводагӣ нест, ки Алим баён дощтааст, ин ҳама танҳо барои беҳбудии мардумон аст. Агар ин вилоятро ҳукумат муҳофизат накунад, дар дасти шумобарин худпарастон бозича хоҳад шуд. Гузашта аз ин ин мусоҳибаи Алим мақсад аз беҳбудии мардумон сухан рондааст ё Эмомалӣ Раҳмонро мавриди баҳси худ қарор дода танқид намудааст.

Тавре дар боло қайд намудам, ба худи миллат часпидед нашуд, касе бароятон сухан надод, зеро имрӯз мардум аллакай саводнок шудаанд. Дигар мардумони имрӯза ба мисоли асри гузашта нестанд. Мардум дар асри нав зиндагӣ мекунанд ва бо чунин зуҳуроти номатлуб канорагирӣ карда метавонанд.

Ба Алим Шерзамонов ва дигар намояндагони «фаъоли Паймони миллии Тоҷикистон» гуфтаниам, ки имрӯз мардум медонанд, ки сари кадом нафар бовар кунанд. Қаҳрамониҳои Пешвои миллатро ҳанӯз ба сари қудрат омаданаш бо чашми сар дидаву бо тарозуи ақли худ баркашидаанд, ки ин сарвари фархундаву ояндабинро ба бахти миллати мо Худо фиристодаааст. Ва таваҷҷӯҳ ба вилояти Бадахшон низ сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат аст.

Амон Акбарович Амонов,

сармуаллими ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд