Ҳифзу нигаҳдошти истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар буда, ин неъмати бебаҳо  кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ во суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон марҳила ба марҳила пеш рафтаву, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гардида истодааст. Солҳои охир вазъи иҷтимоии сокинон куллан беҳтар гардида, имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки ҳувияти миллиро боло бардорем.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём мавриди бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстии ҷавонони кишвар хеле бомаврид қайд намуданд: “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”.

Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоваранд, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошанд. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳҳои нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро решакан намоянд. Ин ҷараёни хатарзо метавонад ба несту нобуд кардани халқият, миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.

Ҳодисаҳои дар Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломи Эрон ва Афғонистон рух дода, бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки терроризм ва экстремизм миллат, халқият надорад.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз азал миллати соҳибсавод, соҳибдавлат, соҳибтамаддун ва соҳибмарзу соҳибватан буд. Миллати сарбаланди тоҷик дар ҷодаи ватандорӣ бо ватандӯстию хештаншиносӣ фарҳанги хоса ва эътирофшудаи худро дорад. Ватандорию ватансозӣ, ватандӯстию ба қадри соҳибватанӣ расидан фазилати нек ва фарҳанги ибратомӯзи халқи қадимаи тоҷик ба шумор меравад. Дар радифи сифатҳои олии ахлоқии шахсият тарбияи ватандӯстӣ, меҳру муҳаббати хоса доштан нисбат ба зодгоҳи худ, дӯст доштани муқаддасоти миллии халқи худ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои суннатӣ, эҳтироми ному пайкори фарзонафарзандони сарзамини аҷдодӣ, ки барои эҳё ва пойдории Ватан қаҳрамонии бемислу монанд нишон додаанд, дар мадди аввал қарор дорад.

Дар “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст: “Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан низ ифода меёбад. Ҳамаи унсурҳои дигари тарбия ба ҳамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш дар назар доранд”.

Фарзанди тоҷикро аз хурдсолӣ дар рӯҳияи ватанпарварӣ ва муҳофизати Ватан тарбия менамоянд. Агар ба таърихи ибратбахши халқи қадимаи тоҷик назар афканем, он саропо таълим, тарбия ва фарҳанги пурғановат аст. Ниёгонамон ҳангоми тарбияи фарзандон ба хулқу атвор, дӯст доштани Ватану миллат, эҳтироми забону арзишҳои миллӣ эътибори махсус медоданд. Чи хеле ки академик Лутфуллоев М. қайд менамояд, “дар бобати муносибат ба замин, ватану ватандорӣ, мустақиливу пойдории оила, ба қадри инсон расидан, фарҳангу маданият, сулҳу оштӣ, касбу ҳунар, афрӯхтани тухми дониш халқи мо мисл надорад”.

Моро зарур аст, ки беш аз ҳарвақта фарзандонро дар руҳияи худшиносии миллӣ тарбия намоем. Нагузорем, ки аз ҷониби мубаллиғон мафкураи насли ояндсоз мағзшӯӣ шавад.  Ҷавоне, ки соҳиби хату савод аст, ҳаргиз ба раҳгумӣ намеравад.

 

Шарипова М.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд