Шабакаҳои иҷтимоиро гуруҳҳои ифротгаро ба мақсади ғаразноки худ истифода мебаранд. Мутассифона, дар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук вақтҳои охир бадгӯиҳо ва суханони носазо нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида мешавад.  Чанде пештар андешаҳои муғризони аъзои гурӯҳи 24 ва дигар зархаридони хоҷагони хориҷӣ пахш гардиданд, ки бадгӯиҳои зиёде нисбати ватану миллат ва Пешвои миллат баён доштаанд, ки мо онҳоро шадидан маҳкум менамоем.

Онҳо аз мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат гирифтани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон норизогӣ баён мекунанд. Ҳол он ки, ки Парлумони кишвар қонуни дахлдорро қабул кардааст ва раъйи худашонро вакилон доир ба ин масъала додаанд. Мардуми кишвар бо Пешвои муаззами миллат ифтихор менамоянд ва мо ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори аҷнабиён ва бегонагон нахоҳем гардид. Онҳоро аслан ҳеҷ кас намешиносад ва бо садои баланд нисбати кишвар бадгӯӣ мекунанд, ки ин кори онҳо басе норавост.

Ҳарчанд Шумо шахсияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доғдор кардан мехоҳед, ин таънаву маломатҳои шумо аслан асосе надорад.

Шумо боисрор мегӯед, ки Тоҷикистон ба асри сангу динозаврҳо рафта истодааст! Мо ҳайронем, ки чаро шумо дастовардҳои солҳои охири кишварро нодида мегиред ва ба ҳамин айбгӯиҳоятон ба Тоҷикистон иснод меоред. Дар ин замона, ки як қисме аз кишварҳои ҷаҳонро ҷангу ҷидол ва нооромиҳо фаро гирифтааст, ношукрию носипосӣ нисбати оромиб ободии Ватан носипосист. Тоҷикистон дар ҳама самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гашта истодааст ва аммо аз диди муғризонаи бархе аз гуруҳҳои ношукр мо гӯё кишвари оқибмондаву ғайридемократӣ мебошем.

Аммо мутаассифона, ношукриву носазогӯиҳои баъзе ашхоси ғаразманд аз расонаҳои хабарии хориҷӣ, аз сомонаҳои иҷтимоӣ садо медиҳад, ки камоли ношукрӣ аст.

Мо бояд шукрона кунем, ки сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар ҳукмфармост ва мардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат собитқадамона ба сӯи ободкориҳо равонаанд. Мардум дигар фирефтаи афкори бегонагон ва бадгӯиҳои Шумо намегарданд. Шукри ободию осудагии Ватан намуда, бо тамоми ҳастӣ дар пешрафти кишвар саҳми арзандаи худро мегузорем.

 

 Қаюмов А,

номзади илми иқтисод