Ҳар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муҳимтарин  ва хотирмонтарин рӯйдоди сол маҳсуб ёфта, аз тарафи тамоми сокинони кишвар хуш истиқбол гирифта мешавад. Паём- барномаест, ки мардуми кишварро ба фаъолияти босамар раҳнамун месозад.

        Имсол низ дар арафаи Соли нави мелодӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа дошта, пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро дар замони муосир аз ҳадафҳои асосии давлат арзёбӣ карданд.

        Мо, аҳли маориф аз он ифтихормандем, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон ҳамасола ба масъалаи таълиму тарбия ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани кормандони соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.

   Пешвои миллат диққати ҳозиринро ба куллан тағйир додани сатҳу сифати донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда, хеле бамаврид таъкид намуданд,  ки рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад, таъкид намуданд Пешвои муаззами миллат.

     Маҳз ба ҳамин хотир, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок буда, барои рушди ин соҳаи муҳим ҳамаи чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд.

      Раванди ҷаҳонишавӣ ва ихтироъ гардидани технологияи муосир дар ҳама ҷабҳаҳо дониши мукаммали мутахассисону сармоягузориро ба рушди инсон талаб мекунад. Президенти кишвар бамаврид таъкид доштанд, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи дониш, забондонӣ ва маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.   Мо – кормандони соҳаи маорифро вазифадор намуданд, ки бояд барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омӯзиши забонҳои  хориҷӣ, илмҳои  дақиқ, риёзӣ ва табиӣ диққати махсус дода, кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ омода намоем.

      Аз моҳи июли соли 2024 туфайли таваҷҷуҳу эътибори ҳамаҷиҳатаи Пешвои миллат 40 фоиз зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои мухталиф мо – омӯзгоронро низ басо сарфароз намуд.

      Дар Паём ҳамчунин дар бораи роҳҳои расидан ба ҳадафҳои миллӣ, дастгирии соҳибкорон,  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,солимии ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону бонувон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамчунин таваҷҷуҳи Президенти мамлакат ба пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа равона гардида, дар ин самт ҳидоятҳои созанда баён доштанд.

           Ба муносибати ҷашни фархундаи 30-солагии қабули Конститутсияи  Тоҷикистони  соҳибистиқлол  аз тарафи Президенти кишвар эълон шудани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад. Паёми навбатии Сарвари давлат ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад.

        Дар ҷавоби ин ҳама ва таваҷҷуҳу ғамхории падарона  мо – аҳли маориф бо дасту дили гарм барои тарбияи шоистаи насли ояндасоз саъйю талош меварзем.

 Ибодқул Каримов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд