Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба бисёр дастовардҳои муҳимӣ таърихӣ шарафёб гардидааст ва ин албатта ин хушбахтии якояки шаҳрвандони баору номус аст. Вале бадбахтиовар он аст, ки дар баробари ин қадар пешравию тараққиёт бархе носипосону кӯрдилон дар кишвар як як падидаҳои бегона низ пайдо шуда истодаанд, ки ин омилҳо барои таъмини амнияти мардум халали ҷиддӣ ворид менамояд.

Асри 21 айёми пешравиҳо ва тараққиёти илму техника буда, моро водор менамояд, ки дониши худро баланд бардорем ва барои гулгулшукуфоии Тоҷикистони озоду соҳибстиқлол Ватани маҳбуби ҳамаи мост, ҳиссагузор бошем. Аз ин хотир, ҳар яки мо ҷавонон баҳри ободии диёри худ саҳмдор мебошем. Пеш аз ҳама дар пеши мо вазифаи аз ҳама муқаддас муҳофизати марзу буми кишвари азизам Тоҷикистон истодааст, ки мо бояд зиракии сиёсии хешро дар сатҳо баланд гузорем ва нагузорем, ки ҳаргуна афроди зишт дар шуури мо ақидаҳои номатлуби тероризм ва экстремизмро ҷой диҳад.

 Дар ҳақиқат имрӯз пайдошавии яке аз зуҳуроти номатлуб, реша давонидани терроризму экстремизм барои амнияти  тамоми қишри замин хатари калон дорад. Аз ин рӯ, паи мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми созмонҳову ташкилотҳои байналмиллалӣ фаъолиятро аз рӯи мақсадҳои амиқ кор бурда истодаанд.

Замоне миллати мо ба вартаи андешаҳои нопоки чунин ташкилоти ифротӣ афтода, рӯзҳои басо мудҳишро паси сар карда буданд.  Имрӯз низ бархе аз мухолифони миллат аз руи «ғамхор»-и нисбат ба мардуми тоҷик ҳар гуна ақидаю изҳоротҳои иғвогаронаро дар сомонаҳои иҷтимои паҳн мекунанд. Албатта мо ба ин қувваи (ақидаҳои) заифи нотавонбинон бовар намекунем ва ҳамаи онҳоро маҳкум хоҳем кард. Ва бояд қайд кард, ки ҳоло вазифаи мост, ки ба тарбияи ватандӯстона, инсондӯстии ҷавонон, тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, раҳму шафқат, эҳтироми дигар халқу миллатҳо, дину мазҳаби мардумони дигар дар заминаи хиради азалии миллати фарҳангсолор, тамаддунсоз, маънавиятофарини тоҷик хубтару бештар машғул шавем.

Ҳоло бошад, падидаҳои номатлубе, ки берун аз маркази ватани мо аз  қабили терроризим ва экстремизм таҳдид менамояд вабои аср буда, хеҷ гоҳ ақидаи мо ҷавонони Ватан дӯсту меҳанпарастро заҳролуд карда наметаванад, зеро мо иродаи қавию устувор, фарҳанги воло ва таърихи куҳанро доро ҳастем. Ватани мо макони нобиғаҳои оламгир, фарзонаҳои илму фарҳанг ва қаҳрамонони шуҷоъ буда, ҳамаи моро бо роҳи рост, хиради воло ҳидоят менамояд. Ягон падидаи ифродгарона моро раҳгум ва фирефта карда наметавонад.

И.Инъомов,

устоди кафедраи иқтисодиёти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд