Фанду фиреб  ин амалҳоест, ки  инсониятро ба кӯи шайтонӣ мебарад. Ин қабил одамон нафсоняти хешро идора карда наметавонанд. Онҳо ашхоси  нотавону  заифро ба фанди худ дароварда, бо ҳар гуна амалҳои ношоям зарари маънавиву моддӣ мерасонанд. Чунин ашхос ҳам ба ҳаёти худ ва ҳам ба ҳаёти ҷомеа зарари худро мерасонанд. Ба ҷое, ки як нафарро аз роҳи бад баргардонанд, баръакс бо ҳар гуна фанду фиребҳо доираи инсонҳои мисли худро зиёд менамоянд ва ҳаёти ширини онҳоро низ саропо оташ мезананд. Охир худи онҳо падар ё модари як фарзанд хастанд вале инро заррае фикр накарда, фарзанди дигар падару модар, ҷону ҷигари як модарро ба коми азоби нашъаҷалобону амалҳои нохалафи ифротгарон ҳавола медиҳанд.

Имрӯз баъзе  аз ҷавонон аз сабаби надоштани фаҳмиши кофӣ ва надоштани саводи динӣ ба доми баъзе аз бадкирдорону  бадроҳон меафтанду ҳаёти ширину ҷавони худро зери хатари бузург мемонанд. Аллбатта чунин кирдорҳо аз ҷониби ҷавонон хело ташвишовар аст, ки маҳз ҷавонон, қишри пешбарандаи халқи моро ба ин роҳ мебаранд.

Бояд гуфт, ки имрӯз тамоми мардуми худшиносу худогоҳ барои зиндагии шоиста талош намуда, тавре зиндагӣ намоянд, ки боиси ибрати ҷавонон гардад. Имрӯз шукрона аз он бояд кард, ки давлати мо соҳиби Истиқлолияту ваҳдат ва амну субот мебошад. Агар мо имрӯз аз ояндаи давлати худ андеша намуда, ҷавононро аз гумроҳшавӣ эмин надорем, дар ҳақиқат эшон тӯъмаи террористону ифротгарон хоҳанд шуд.

Мо ба ҳама восита шоҳиди он гашта истодаем, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳ побарҷост, дар ҳоле, ки даватҳои абадқудрату соҳибдемократ  вазъи сиёсии хуб надоранд. Барои ҳамин аз тамоми шаҳрвандони кишварамон даъват ба амал хоҳам овард, ки нисбат ба ояндаи худу атрофиён бетараф набуда, дар пайравии ташаббусҳои созанда ва ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо мақсади пешравӣ зиндагӣ намоем.

Ба қадри ин миллат танҳо онҳое мерасанд, ки барои ободии он хиште гузоштаанд. Ба ҳамин хотир заҳмати кашидаи қаҳрамонмардоне, ки ба мо имрӯзи обод фароҳам овардаанд қадр намуда, пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро устувор гардонем.

Оқилҷонова Шаҳноза, омузгори калони кафедраи молия ва қарз