Ватандориву ватандӯсти он аст, ки мо бояд рисолати худро дарк намуда, қадри ватанро бидонем. Мо ҳама хуб медонем ва шоҳиди он гаштаем, ки миллати тоҷик рӯз то руз ободтару тараққиӣ карда истодааст. Аммо дар байни мо хоиноне ҳастанд, ки пешравию тараққиёти миллатамонро намехоҳанд, зеро онҳо кӯранамаку носипос ва шахсони бадҷаҳлу бехираданд. Ба ҳамин хотир моро мебояд, ки сарзамини ободи худро аз чашми бади ин душманони нохалаф эмин дошта, барои ояндаи кишвари азизамон, ба хотир пойдор нмаудани суботи ҷомеаи шаҳрвандамон бетараф набошем. Имрӯз рисолати мост, ки дар афзоиши ҳаракатҳои тундраву ифротгар таъсир расонем. Набояд ба террористону экстремистон иҷзат дод, ки садди роҳи пешравии тамаддуни башарият дар олам гарданд. Мо набояд таърихи худро фаромўш намуда, амнияти кишварамонро дар хатар монем, зеро созандаву ободкунандаи ҷомеа ҳамаи мо ҳастем.

Маҳз ҳамин якдиливу якдигарфаҳмии мардумони тоҷик миллати моро ҳамчун кишвари сулҳчӯву сулҳпарвар дар олам муаррифи намуд, ки ин оин алаббта аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст. Дарки волои масъулияти шаҳрвандон боис гашта буд замоне мо ба зидди душманони миллат ғолиб омада, кишварро аз ҳоли таназзул раҳо сохтем.

 Миллати сарбаланди тоҷик, мардуми шарафманди тоҷик дар атрофи Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, дар осмони софу беғубори кишвар бо меҳнати софдилона арзи ҳастӣ менамояд, ки аз ваҳдату якдилии тоҷику тоҷикистониён дарак медиҳад.

Ҷавоби некӣ, некиву ҷавоби меҳрубони изҳори меҳр аст. Маҳз ба ҳамин хотир ҷавоби ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишварро нисбат ба мардум бо он иваз мекунанд, ки танҳо Ватанро дӯст доранд, онро чун модар бидонанд. Ба ҳамин хотир оиди бетараф набудани кулли ҷавонон ва  зиёи кишвар нисбат ба вазъи муташанниҷи сиёсии ҷаҳон ва гаравидани ҷавонони кишвар ба ҳар гуна ҳаракатҳои носолим ва ҳар гуна хусусиятҳои ифротгароиву ҳодисаҳои террористӣ дошта баён созам. Шуморо мебоист инсонворона дар сарзамини биҳиштосо зиндагонии осудаҳолонаро паси сар мекардед. Худро аз як кунҷи олам бо садо нишон дода, ватандор меҳисобед. Аммо чунин ватандории ифротгароёнаро дар сарзамини муқаддаси тоҷик беватан меноманд, зеро ҷангҷую хоин Ватан надорад.

Чунин пайомадҳои навин дар замони муосир, ки арзи ҳастии он ҷомеаи муосирро ба хатар таҳдди мекунад, аз ҳамаи шаҳарвандони кишвармон даъват ба амал меовардам, ки барои осоиштагии марудмон аз пештара диди, зиёдтар талош нмаоем, зеро манфиати ин давлату миллат, манфиати шахсии ҳар як шаҳрванд аст.

 

Қаюмова С.А., омӯзгори калони кафедраи молия ва қарз