Ватани азизу маҳбуби мо Тоҷикистонро ҳамчун миллату давлати куҳанбунёду соҳибфарҳанг дар арсаи байналмиллалӣ шинохтаву эътироф намудаанд. Дар ҳамин радиф бояд тазаккур дод, ки ин ҳама обрӯву нуфузоте, ки кишвари мо мақоми ҷаҳонӣ пайдо намудааст, маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Пас вазифаи имрӯзаи мо мардум дар он аст, ки ба хотири пойдории ин арзишҳо фаъолият намоем на ба хотири он, ки асосноку беасос бо ошӯбгариву гирдиҳамоии ҷудоиандоз ба ин неъматҳои кишварамон, озодиву ободии он зарба занем.

Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯз бояд ҳар кадом аз шаҳрвандони баору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрaфторон ва кӯрнамаконро маҳкум намоем. Нагузорем, ки ин нохалафон, наҳзатиёни мухолиф ҳадафҳои нопоки хешро бо воситаи мо амалӣ созанд ва аз номи шаҳрвандони бегуноҳи кишвар дар ҷомеа доғ гузоранд. Макони ин наҳзатиҳои дарбадару ғулом, ки мамлакатҳои ғарб гаштааст, аз ҳамон макон садо баланд кардани шудаанд, яъне нияти ба наздики гирдиҳамоӣ доранд. Ҷоизи зикр аст, ки ин ягон гирдҳамоии оддӣ набуда, давоми нақшаи ошӯби дар зиндони шаҳри Хуҷанд сар зада мебошад.

Хизмат ба ватан дар роҳи ҳақиқату адолат барои ҳар кадоме аз шаҳрвандони миллат шараф аст. Ҳимояи обрӯву нуфузи байналмилалии он бошад, вазифаи ҳар мардуми баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Аз ҳамин лиҳоз барои ҳар кадоме аз мардуми шарифи миллати тоҷик ба хусус аз ҷавонони оқилу доно даъват ба амал меоварам, ки хоҳ дар дохили кишвар ва ё хоҳ дар хориҷ иқомат дошта бошанд, ҳам ба фитнаву дурӯғи ин исломгароёне, ки аз рӯӣ «исломшиносӣ» - ашон дар қарни гузашта миллатамон, наздик ба ҳали таназзулёби рӯ ба рӯ гашт, бовар накунанд. Баракси ҳолат бар қасди он душманоне, ки миллати моро, Истиқлолияту ваҳдати милии моро барҳам додан меҳоҳанд, илму дониш омӯхта, бо маърифти баланду маданияти миллати тоҷик бар он ақӣдаҳои ифротии наҳзатиҳо зарбаи ҳалокатбор зананд.

Даъвате, ки онҳо аз шаҳрвандони миллати тоҷик ба амaл овардаанд, он аст, ки барои озод кардани зиндониёни «сиёсӣ» дар асл, имонхоҳони беимон, исломдонӣ моҷароҷӯ дар гирдиҳамои ширкат карда, садо баланд кунанд. Ин суханҳову рафторҳои ношоиста, аз дараҷаи пасттарини маърифати инсонист, ки бармало аз мардумон хоҳиши онро доранд, ки барои озод кардани ҷинояткорон, ҷинояткороне, ки дар муташанниҷгардидани рӯзгори босаодати мардум саҳм гирифтаанд, ҷонибдорӣ кунанд. Чунин ҳодисаро дар куҷо дида метавон, ки як нафар ин сони комилақл барои боз ҳам тангтар шудани авзоъи ҷомеа кӯшиш намояд. Ин феълу хислатҳоро танҳо Кабирӣ ва шогирдони ӯ хос ҳастанду дигар пайравонаш.

Мутмаинам, ки дар радифи гуфтаҳои дар боло зикр кардаам, тамоми ҷавонони кишвар, ки ояндаи миллати тоҷикро бино месозанд, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дарк ва ба хотири пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар миқёси кишвар талош варзида, саҳми босазо хоҳанд гирифт, зеро пеши роҳи чунин ошӯбгаронро танҳо қувваи пешбарандаи халқ, яъне ҷавонони саодатманди диёр бо заковату матонати мардонагии хеш гирифта метавонанд. Ҷавонони азиз, ҳама вақт кӯшиш намоед то ба боварии давлату Ҳукумати кишвар, хосатан, мардуми миллати тоҷик содиқ бимонед.

М.A. Мирзоевa, устоди кaфедрaи зaбонҳои хориҷии ДПДТТ дaр шaҳри Хуҷaнд