Аз таҷлили 21-умин солгарди Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ пас аз чанд рӯз як моҳ сипарӣ мешавад. Сокинони кишвар бо шукрона аз тинҷиву амонии ва фазои ободу озод ин ҷашни муҳими таърихиро таҷлил намуданд. Дар ҳар гӯшаву канори мамлакат садои созу суруд ва суханони меҳрбор танинандоз буд. Эҳсос мешуд, ки вуҷуди ҳар як соҳибватанро ифтихори миллӣ фарогир буд. Махсусан суханронии пур аз меҳру садоқати Сарвари давлатро сокинон бо вуҷуди том гӯш кардаву дар ботини ҳар як сокини меҳандӯст ҳисси боварӣ барои фардои дурахшони кишвар боз ҳам қавитар менамуд.

Вале, ин санаи муборак барои онҳое, ки умуман пешравии кишвари моро дидан намехоҳанд ҳамчун намак барои ҷароҳат пошидан буд. Махсусан саркардаҳои ҲНИ, гурӯҳи 24, анҷумани «Озодандешон» дар чеҳраи Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов ва даҳҳои тани дигар ин ҷашнҳоро дида, сухтану бирён шуданд ва қарор доданд, ки бо як ҳамоиш дар шаҳри Дормунди Олмон боз ба ивову дасиса оғоз бахшанд. Чун сенарияи қаблӣ Муҳиддин Кабирӣ чун «лидер»  аз худ қаҳрамон тарошида дар шабакаи иҷтимоӣ эълон доштааст, ки ҳар қадамашро мақомоти амниятии кишвар назорат мебарад ва гӯиё якчанд кормандони ин ниҳод онҳоро то ба ҳамоиш расидан таъқиб кардаанд, ки ин дурӯғи маҳз аст ва аз худ «ситоратарошӣ»-ро мемонад, сониян Кабирӣ дар суханронии худ таъкид доштааст, ки сулҳи побарҷои кишвар натиҷаи заҳмати ҲНИ ҳам ҳаст.  Вале номбурда иқрор намешавад, ки ангезаи ҷанг маҳз аз ҷониби наҳзатиён оғоз шудааст. Инро Эшони Қиёмиддин бори дигар исбот намуд.

Муҳиддин Кабирӣ дар назди 300 нафар (воҳима кардаанд аз 50 нафар беш набуд) иштирокчиёни ҳамоиш қайд кардааст, ки бояд мо якҷо сарҷамъ бошем. Аммо алакай ин чеҳраи «саршинос» миёни худи низ соҳиби эътибор нест. Зеро гурӯҳи 24 аз ҳамкорӣ бо ин ҳизб даст кашида, дигар гурӯҳҳо низ намехоҳанд, ки ҲНИ роҳбари онҳо бошад. Маълум, ки дар ин ҳамоиш ҳамон чеҳраҳои «шинос», ки мубаллиғони асоси хоҷагони берунӣ ҳастанд, мисли Алим Шерзамонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Илҳом Ёқубов бо суханрониҳои по дар ҳавои худ мехоҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳанд, ки самараи ваҳдати миллӣ яктарафа баҳогузорӣ мешавад. Аммо ягон нафари онҳо дар баромадҳои хеш намегӯянд, ки ҳамин Созишнома бо иқдми кӣ оғоз шуду, накши кадомин шахсият дар фароҳамоварии нишастҳо зиёд аст. Дар бораи хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ҳамбастагӣ сухане гуфта нашуд. Балки онҳо мехоҳанд худро ҳизбашонро «қаҳрамон тарошанд», ки ин хатои маҳз аст.

Хайринисо Темирова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд