Борҳо ба хул савол медиҳам, ки чаро аксари узви ҷомеа дар мавриди интиқоди кишвари мо аз ҷониби душманони миллат мавқеи бетарафиро ишғол мекунанд. Гӯиё лаб ба хомӯшӣ нишастан беҳтарин неъмат барои онон аст. Имрӯз даҳҳо сомонаҳои иҷтимоӣ бо пуштибонӣ аз амалҳои ноҷавонмардонаи душманони миллат наворҳои онҳоро пахш намуда, ба суханҳои бемазмуну пучи онҳо арҷ мегузоранд.

Як тан аз воизони ҲНИ, ки худро аз табори озодандешон медонад Шарофиддин Гадоев, ки қаблан дар Тоҷикистон соҳибкори муваффақ буд, имрӯз гуреза шуда, касби «ровигӣ»-ро бар ӯҳда дорад. Идеяҳои хому хаталаи ӯро мо борҳо дар видеомуроҷиатҳо дидаему ба нерӯи зеҳнӣ, донишу малакаи ӯ баҳои сазовор додаем. Аммо ин бор ин нафари гумроҳзада, ки пойбанди хоҷагони бегона гардидааст, дар яке аз «барнома»-ҳои худ аз ҷомеаи кишвар ва онҳое, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, даъват ба амал овард, ки санаи 14 август дар шаҳри Берлин гирдиҳамоӣ ташкил кунанд. Номбурда мақсади гирдиҳамоиро гӯиё аз «беадолати ҳукумати кунунӣ» медонад. Ин нафар ва роҳбарони онҳо замоне дар кишвар осудаҳолона маблағҳои ҳангуфт ба даст меоварданд. Чун давлат ва Ҳукумат лаҷоми сарчашмаҳои даромади молиявии онҳоро дошт, думро хода карда, имрӯз алами худро бо воситаи мардуми осоишта гирифтанӣ мешаванд.

Шарофиддин Гадоев дар барномаи бесару нӯги худ аввал аз тақдири тифлаки маъсум Ҳамза ёдовар шуда, иброз доштааст, ки давлат ба хотири қасд ситониданд аз Кабирӣ нахостанд небераашро ба хориҷ фиристанд. Охир эй ноодамон, нобакорон мақомотҳои қудратӣ на ба хотири Кабирӣ балки ба хотири тақдири ин тифл дар хориҷи кишвар нагузоштанд то онҳоро дар печутоби муҳоҷират танҳо монанд. Зеро чун пой бар остонаи давлати Туркия ниҳодӣ ҳатман аз расмиёти буду бошад мепурсад. Агар воқеан ҳам Ҳукумат хостгори бад шудани ҳолати Ҳамза мебуд, ба ӯ ҳуҷҷатҳояшро намедоданд. Маҳз  сари вақт омода шудани паспорти хориҷӣ имконият дод, ки онҳо сафар кунанд. Душманони миллат ба ҷои сипос намудан, боз аз домони Ҳукумат мегиранд. Ин худи наҳзатиён, хосса Кабирӣ ва ёронаш бо истифода аз бемории наберааш қазияро сиёсӣ намуданд. Боз ҷониби мухолифин шарм накарда алайҳи ин амали ҷавонмардонаи мақомотҳои қудратии тоҷик «пикетҳо» доир намуданд. Худи модари Ҳамза ба корманди радиои «Озодӣ» иқрор шуда буд, ки мушкилӣ танҳо ба ҳуҷҷатгузорӣ буд. Аммо кӯрдилон Роҳбари давлат ва умуман сиёсати кунуниро тавре вонамуд мекунанд, гӯиё дар тинати ҳукуматдорон раҳму шафқате нест. Магар онҳо бехабаранд, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон  дар мадди аввал қарор мегирад. Мо борҳо шоҳид шудаем, ки Сарвари давлат зимни сафарҳои кори худ ба ин ё он минтақаи ҷумҳурӣ ҳатман аз рӯзгори ятимону бепарасторон ошноӣ пайдо намуда, шодишарики тантаҳои онҳо мегарданд.

Махсусан дар сафари навбатии худ ба вилояти Суғд Сарвари давлат дар шаҳрҳои Истаравшану Конибодом бо доираи васеи наврасони ятим сӯҳбати гарму самимӣ намуда, дар баробари тақдими тӯҳфаҳо онҳоро барои таҳсили хубу меҳнатдӯстӣ талқин намуданд. Дар ин вохӯрӣ ба Вазорати маориф ва илми кишвар дастур доданд, ки барои идомаи таҳсил ва муҳайё намудани шароити зисти онҳо аз тамоми воситаҳо истифода баранд.

Ҳамчунин тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар роҳбарони вилояту шаҳру навоҳӣ, масъулони корхонаву ташкилотҳоро муваззаф гардиаанд, ки сарпарасти Хонаи кӯдакон  ва мактабинтернатҳо бошанду новобаста аз ҷашну маросимҳо аз аҳволи наврасон огоҳ бошанд.  Ҳамасола барои беҳтарнамоии шароити таҳсилу зиндаги ятимону бепарасторон аз буҷаи давлат миллионҳо сомонӣ масраф мешавад. Алҳол дар ҳудуди вилоят наздики 40 Хонаҳои кӯдакон, мактаб-интеренатҳо мавҷуданд, ки дар ин муассисаҳо кӯдакон ба таҳсилу тарбия фаро гирифта шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ пайваста барои беҳбудии вазъи иҷтимоии ятимону бепарасторон тадбирҳои судманд меандешад. Чанде пеш дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз ба мактаб- интернати шаҳри Бӯстон компютерҳои замонавӣ ва нақлиёти мусофирбари хизматӣ тақдим карда шуд. Ин таваҷҷӯҳи агар аз як тараф барои боз ҳам баланд бардоштани фарҳанги истифодаи технологияи муосир кӯдакон мусоидат намояд, аз ҷониби дигар ба онҳо имконият медиҳад, ки дар мавсими таътили тобистон аз маконҳои хушобу ҳавои вилоят ва ҷумҳурӣ тавассути ин нақлиёт дидан кунанд.

Мо медонем, ки дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ барномаҳои махсус барои ятимон роҳандозӣ гардида, аксари хатмкунандҳо тавассути квотаҳо ба мактабҳои олӣ роҳхат мегирад. Дар муассисаҳои олӣ бошад, ба онҳо стипендия, кӯмакпулиҳо дода мешавад.

Ҳамчунин мо медонем, ки ятимон аз харидории либоси мактабӣ озод буда, ба онҳо имконияти баробар таҳсил кардан дар мактабҳои президентӣ ва гимназияву литсейҳо дода шудааст.   

Бо ин гуфтаҳои хеш Шарофиддин Гадоев ҳамчунин ибораеро ба кор бурд, ки худ ба он лоиқ нест: «Бетарафӣ аз бешарафист. Маҳз чунин бешарафон аст, ки мулки тинҷу ободи мо ба боди сиёсати дуруғини онҳо олуда мешавад.

Номбурда Фоима Давлатова фарзанди Шабнам Худойдодаваро низ сиёсӣ намуда, масъулини қудратии кишварро ба он айбдор месозанд, ки ба хотири модараш ӯро иҷозати парвоз надоданд. Аммо ин ҷо матлаб дигар аст. То ҷое иттилоъ дорам Фотима низ дар ҳуҷчатгузориҳо саҳв кардааст ва дар сурати ислоҳи вазъ ӯ метавонад сафарашро анҷом диҳад. Бо намоишномаҳои дурӯғин Шарофиддин Гадоев мехоҳанд ба тори эҳсоси мардум нохун зананд. Мо боварии комил дорем, ки гирдиҳамоии наҳзатиён ба як саҳнаи мазҳакаомез бадал хоҳад шуд. Зеро ҳамонтаве ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, мардум тӯдакаше доранд, ки бо роҳи сидқу сафо  ва аз рӯи меҳру вафо давлатро идора мекунанд.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд