Ҳақиқати таърихӣ арзиши воло ва бебаҳотарин маҳсули ақлу хиради инсон аст. Маҳз аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ миллати моро барои омодасозӣ ба дигар набарду даъватҳои беасос омода намуд. Дар он солҳои наҳс  шикастану аз байн бурдани арзишҳои  маънавии ниёгонамон, ки  садсолаҳо  чун оби ҳаёт, қатра ба қатра  дар захираи олами ботинии инсонҳои  сулҳпарвару тараққихоҳ  захира мешуд, фазои халои идеологиро ба миён  овард.

Роҳи халосиро  аз бӯҳрони  идеологӣ  ва қашшоқии маънавӣ сиёсати ҳукумати навтаъсиси ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон  таҳти сарварии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар таҳқиқу таҳлил  ва омӯзиши чуқуру ҳаматарафаи таъриху фарҳанги  ниёгонамон, эҳёи суннатҳои  миллӣ  ва дар ин асос таҳкими худогоҳию худшиносӣ  ва  ифтихори  миллӣ, эҳсосоти  ватандӯстиву  ватанпарварӣ дид.

    Ин тадбири эҳёгару  тақдирсоз  марҳилаи  наве  дар таҳаввули  ҳуввияти  миллӣ, тафаккури  таърихӣ  ва раҳо  ёфтан  аз бӯҳрони  шадиди мафкуравӣ  буд.

    Ба шарофати истиқлолият  ва фаъолияти  пурсамари  илмиву  маърифатпарварии президенти ҷумҳур, омезиши  таърихи халқи тоҷик  аз доираи  касбӣ  баромада, вазифаи   умумихалқӣ гардид, мавқеъ  ва  нақши  он дар  радифи  дигар фанҳои  гуманитарӣ  боло  ва мустаҳкам  шуд. Ба туфайли  раиси  ҷумҳур номи  пуршараф  ва хизмати  бебаҳои  арбобони  давлатӣ, таърихнигорон аз нав эҳё шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  аз рӯзҳои  аввал кафили амнияти  давлат  ҳифзи ҳуқуқ  ва озодиҳои  шаҳрвандони  Тоҷикистон  гардид.

Дар Тоҷикистони ҷангзада  барқарор  намудани  сулҳу  салоҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, баромадан, роҳо ёфтан  аз  бӯҳрони  ҳамагонӣ, аз гирдоби фалокату наҳс, ки бо кӯмаки душманони  дуру наздик  тайёр  буд  давлат  ва  миллати  тоҷикро ба қаъри  худ, фурӯ барад, кори саҳл набуд.

 Имрӯзҳо дар шароити ҷаҳонишавии пуршитоби ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ  ва фарҳангии мардуми сайёра, бархӯрд  ва муколамаи тамаддунҳо, хавфи суст гардидан  ва аз байн рафтани  арзишҳои миллӣ, ахлокӣ ва  динии халқи кӯҳнабунёдашон  ба чашм  мерасад.

   Мақомотҳои давлатӣ  ба ташвиқу тарғиб ва ҳифзи  забони давлатӣ  эътибори  ҷиддӣ  намедиҳанд.

Ба ақидаи мо  ҳоло  на ҳама  дарк  намудаанд,  ки  биносози  дар  пайдевори  бегонагон  оянда  надорад.

  Президенти  ҷумҳурӣ Эмомали Раҳмон  дар фаъолияти пурсамари  пайгиронаи  худ  ғояҳои  ягонагӣ, муттаҳидӣ, сарҷамъии миллату  давлатро  пеша  намуда, дар  паёми  худ  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Чунин  менависанд: “Истиқлолияти давлатӣ, забон,  модар, Ватан, фарҳанг  ва тамаддуни  куҳанбунёд  халқамон  васле мебошанд, ки моро  ба  сӯи  ваҳдату  ояндагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамо  месозанд. Аз ин рӯ ҳар  кадоми  онҳо  барои  мо  аз  муқаддасоти инсонӣ  ва  имонӣ  ба шумор  мераванд”.

Ҳамаи ин  талошу ҷонфидоиҳои  президенти  ҷумҳурӣ Эмомали Раҳмон   барои  эҳёи давлату  ягонагии миллати тоҷик, барқарор ва рушду  камоли  иқтисодиёту  фарҳанги он ин эҳсоси  ҳақиқати  таърихи буд, ки мо зиёиён  аз он ғизои  маънавӣгирифта, бояд  ба халҷу  ватани  худ  хизмати  холисона кунем.

Аммо тоҷикони нав ё насли азхудрафта амсоли гурӯҳи тудрави 24 мехоҳад бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ пешрафти кишварамонро ба замин яксон кунад. Махсусан дар даъвати видеоӣ, ки рӯзҳои наздик дар интерет паҳн шуд, даъвати рӯирост ба ҷанг аст. Онҳо намедонам ба кӣ такя мекунанд, агар манзур ба ҷавонони кишвар бошад, хатои маҳз мекунанд. Зеро ҷавонон идеяи миллии худро доранд ва сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонанд.

Мо аз ҷавонони хушёр ва бедори миллат даъват ба амал меорем, ки чунин нафарони Ватанбезорро маҳкум намоянд.

Зариф Довудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд