Ҷаҳони бошитоби иттилоот аз ҳар як узви ин ҷомеа ҳушёриву зиракиро тақозо дорад. Дар ин гирдоби хатарҳои ҷаҳонӣ танҳо он нафаре эмин мемонад, ки дорои мафкураи баланди ватандорӣ дошта бошад.

Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд, таъкид намуданд Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ва аз ҷавонони саодатманди кишварамон даъват ба амал меорем, ки модари хешро дӯст доранд ва меҳандӯст бошанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб терроризм мубориза баранд, чунки модар ватан ба ҳам тавъаманданд ва илму донишро пеша намоянд

Тоҷикистони биҳиштосо, ки сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор аст, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор аст, ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд

Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллату давлат арзишҳои умумимиллию умумидавлатие ҳастанд, ки одамон, шаҳрвандон ва миллатро ба ҳам меоранд. Ояндае, ки мо мехоҳем бисозем, ҷамъияти дорои имкониятҳои васеъ, бехатарӣ барои оилаҳоямон, сатҳи баланди зиндагӣ ва субот аст. Бояд якҷоя, дастаҷамъона меҳнат кунем, дӯстию ваҳдатро таҳким бахшем, оқилона ва бомулоҳизаю созанда баҳс намоем.  Дар ин самт ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиониву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем- тазаккур доданд Сарвари муаззам, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ва суханрониҳои хеш.

Ба ин васила ҳар яки мо ҳамчун омўзгор, табиб, ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистони биҳиштосо қавл медиҳем, ки таъкидҳои Пешвои муаззами миллатро пешаи кори худ намуда, дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ҳамчун мутахассис ва дарёфти маводҳои нави доруии сифатан тоза ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ кору фаъолият намоем, парчами илму маърифат, шукуҳу шаҳомати илми ҷаҳонгири тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ, баландтару баландтар бардорем ва барои ватани хеш ҳиссагузорӣ намоем.

Атаева Т. Х., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд