Хусусиятҳои неки инсонӣ ва шиори асосии гузаштагони мо аз пандҳои ҳакимона  Зардушти буҳург  “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” сарчашма мегирад. Ин панд шахсро ба он раҳнамо месозад, ки он на танҳо фикру андешаи нек дошта бошад, сухани хуб гӯяд ва яке аз муҳимтарин рафтори инсонӣ дар ҳама ҳолатҳо бояд рафтори шоиста намояд.

Бузургон одобу ахлоқро ҷавҳари ақлу хирад гуфтаанд. Инсон, шахс аз дигар махлуқоти рӯи замин бо ақлу шуури худ фарқ менамояд. Ба инсон пеш аз ҳама аз рӯи тарзи одобу ахлоқ, суханронӣ, ибрози назар намудан баҳо дода мешавад. Муттаасифона, солҳои охир чунин ба назар мерасад, ки муомила ва муоширати наврасону ҷавонон хеле коста гаштааст. Дар ҳаёти ҳамарӯза дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шоҳиди муомилаи бад байни ҷавонону наврасон мегардем. Вақтҳои охир теъдоди чунин ҷавонону наврасони бадзабону дағалона муносибаткунанда зиёд гашта, боиси нигаронии ҷомеа гаштааст. Ин суханҳоро дар паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирӣ намудан мумкин аст: “Вақтҳои охир фарҳанги муоширати қисме аз наврасону ҷавонон коста гашта, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, суханони қабеҳу дағал ба назар мерасад, ки ин амали нораво аз доираи фарҳанг ва расму ойини мо берун мебошад”. Сарвари давлат таъкид менамояд, ки барои ҳарчи густариш пайдо намудани одобу ахлоқ, бояд корҳои тарбиявию ташвиқотиро дар  байни ҷавонон,  пурзӯр карда шавад.

Воқеан ҳам, бетараф будан дараҷаи баланди бемасъулиятӣ мебошад. Ҳангоми муносибати бади ҷавонону наврасонро, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дида бепарво мегузорем, пас куҷост ҷавҳари одамияд?

Дар ин ҷода, албатта калонсолон намунаи ибрати хурдсолон бошанд. Тарбияи суханронӣ, муошират ва муомила аз даврони кӯдакӣ оғоз меёбад ва он сараввал аз волидон вобаста мебошад. Ҳамарӯза дар оила волидон бо фарзанд чӣ гунае ки муносибат менамояд ба тарбияи одобу ахлоқи ояндаи онҳо таъсир менамояд. Дар оилае, ки ҳама шартҳои одобу ахлоқ риоя мегардад, осудагию хушбахтӣ ва камолу пешрафт бештар мегардад.

Ҳамин тариқ, сараввал бояд худи мо тарбиятгар бошем, то тавонем фарзанди худ, наврасону ҷавононро ба дунёи зебои адаб раҳнамоӣ намоем. Қадру қиммат, одамияти инсон аз ҳама дар сухани ӯ ифода меёбад.

Солиева М.Т., муаллим-коромӯзи кафедраи барномарезӣ

 ва низомҳои иттилоотӣ