28-уми декабри соли 2023 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат дар қатори дахл намудан ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар оиди нақшу манзалати Зан- Модар махсус истода гузаштанд. Қайд карданд, ки даврони соҳибистиқлолии кишвар сафи занону бонувони маълумоти олидошта тақрибан ба 258 ҳазор нафар расидааст, дар ҳоле ки дар солҳои 1989 ин шумора танҳо 66 ҳазор нафарро ташкил медод.

Аз ин маълумот ва раванди рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол бар меояд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон сафи занону бонувони соҳибмаълумот олидошта афзудааст. Чӣ тавре Президенти кишвар таъкид доштанд, имрӯз занон дар баробари мустаҳкам нигоҳ доштани оилаи солим хизмат ба Ватану миллатро шарафи бузург ҳисобида, дар пешрафти он доим саъю кӯшиш ва талошҳо ба харҷ медиҳанд. Ҳамин аст, ки беҳдошти ҳаёти Зан - Модар, тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ пойдевори асосии сулҳу субот ва рушду нумӯъи кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад.

Пешвои муаззами миллат аз давраҳои аввали давлатдории хеш ба мавқеъ ва мақому манзалати зан диққати махсус додаву эҳтиром ва арҷ мегузоранд. Суханҳои самимиву роҳнамоиҳои ин абармарди таърихӣ худ хушбахтиву сарбаландии кулли занони кишвар аст. Маҳз ғамхориҳои падарона ва дилсӯзиҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, диққати махсус дар Паёми навбатӣ ба масъалаи баланд бардоштани савияи дониши духтарон, соҳибкасб намудани онон, аз оину суннатҳои аҷдодиамон огоҳ сохтани онҳо дода шуд. “Агар духтар савод дорад, ақл дорад на танҳо ба оилаи худ, балки ба падару модару хеш низ ғамхориву меҳрубонӣ мекунад. Яъне, духтари босавод, бомаълумот дар ҳама ҷо мавқеъи хос дорад, соҳиби эҳтироми атрофиён ва оилаи хеш мегардад. Нагӯед, ки модар надорам, тамоми модарони тоҷик модари шумо ҳастанд. Мисли фарзанди худ ба Шумо ғамхору меҳрубонанд.” – таъкид доштанд Пешвои миллат. 

Пешвои миллат оиди саҳм ва хизмати бузургу шоёни занону бонувони кишвар дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушду суботи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ хеле назаррас ва бузург арзёбӣ намуданд. Таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар минбаъд низ дар самти дастгирии занону бонувон тамоми имкониятҳои заруриро иеандешад. Зеро ба таъбири Пешвои муаззамамон “Мо ба нақши  Зан - Модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меорад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.

Бояд қайд кард, ки аҳли омӯзгорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандниз аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон маънӣ ва нерӯву илҳоми тоза гирифтанд. Ин суханони ҳикматомӯзи Президенти кишвар моро вазифадор мекунад, ки минбаъд низ фарзандони хешро дар руҳияи ватандӯстӣ, самимона дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ тарбия намоем. Тамоми нерӯ ва қувваи хешро баҳри пойдорӣ ва абадии сулҳу субот, оромиши кишвар равона созем. Дар пиёда сохтани нақша ва ҳадафҳои сиёсати хирадмандона, тадбиқ намудани қонуну қарорҳои тадбиқшуда ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҷоннок намоем. Зеро қабули ин қонунҳо ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва шаҳрвандон нигаронида шудаасту дараҷаи амалисозии онҳо боиси боз ҳам паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некуаҳолии мардум, пешгирии қонуншиканиву тарбияи фарзандон дар оилаи солим ва бо ахлоқи ҳамида, ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиву мустаҳкамии оила мегардад.

 

Турсунова Матлуба, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд