Чанде қабл роҳбарият ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо ҳар роҳу восита хостанд оромии миллати моро аз байн баранд. Ин ҳам бошад бо роҳи инқилоби аз диди худ “воҳиманок”, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин шӯрише ташкил ва ба гуфтаи худашон бо теъдоди зиёди “ҷонибдорони азҳоб” ва муқимиҳои тоҷик барпо намоянд. Аслан ба гуфтае, муаллифи мақолаи равшанфикрон “Босмачӣ ҳарчанд, то равад аврупоӣ намешавад”. Ташкилоти террористии экстремистии наҳзатӣ дар рӯзи пеш аз оғози ҷаласаи САҲА, яъне 9-уми сентябр, наҳзатиён ҳамон макру ҳиллаи қадимии ифротгароёнаи худро ба кор бурданӣ шуда, худашон бо худашон қарордод баста, ташкилоти сунъиеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» эълон намуданд. Вақте бо огоҳӣ аз моҳияти террористӣ ва собиқаи паймоншикании ТЭТ ҲНИ, ягон ташкилоти мухолифи ҳукумат дар хориҷа ба эътилоф бо ин ҳизб розӣ нашуд, мувофиқи нақшаи хоҷагони худ роҳбарияти ҲНИ худашон аз ҳисоби аъзо ва муздурони худашон чанд «ташкилот»-и нав сохта, сипас худашон бо худашон «эътилоф» ташкил карданд. Бинобар ин, огоҳон медонанд, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» дар асл ҳамон ТЭТ ҲНИ буда, ин ном бо мақсади пӯшонидани ниқоби нав ба ин ташкилоти экстремистию террористӣ эҷод шудааст. Аммо то кай ин ниқоб рӯи онҳоро пинҳон мекунад? То кай Кабирӣ ва аъзоёни ташкилоташ қувваҳои хоҷагонашро кор мебарад? Ва то кай ин иғвову ҳангомасозиҳо ба хости наҳзатиҳо анҷом меёбад.

Маврид ба зикри хос аст, ки миллати тоҷик, дар шахси ҳар кадоми шаҳрванди баору номусаш тарафдори он аст, ки бигузор пояҳои ақидаи иртиҷои доштагон решакан гардад, то кишвари мо эмин аз инқилобҷӯёну ифротиён бошад. Нафароне, ки миёни мардум айнан ба мисоли ман маниҳои Кабирӣ худро аз манфиати дигарон боло дониста, ҷиноят мекуннанд, бигзор ҷазо бинанд. Ба он хотир, ки манфиати нафарони хиёнаткору ватанфурӯшро аз ҷони хеш боло медоранд.

Кабирӣ шояд бо он мақсад замоне аз зодгоҳаш ба мамлакатҳои ғарб фирор кард, ки то ба худ ва ба ташкилоти худ тарҳи аврупоиро ҷорӣ намояд. Аммо ба нафаре зиёнкору дилозор дар ҳеҷ макон ҷой нест. Ана маҳз барои ҳамин ин бечорагон дар ба дару бенаво монда, зӯри худро ба нерӯҳои миллати мо заада истодаанд. Кабирӣ гумон дошт, ки ӯро дар аврӯпо пайравӣ мекунанд. Вале натиҷаҳо нишон доданд, ки ҳатто кам монда буд аз зиёдаравию худсафедкуниҳояш ӯ ванамояндагонашро аз толори ҷаласаи конфронсии САҲА низ берун созанд.

Кабирӣ минбари САҲА ро ба эълони инқилоби худ ҷои мувофиқ дониста, барои “мардумони азизаш” бо “муҳаббат” пайғоми шодбошӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатиро расонд. Аммо ин  таманнову табрикот ҳам як найрангу ҳиллаи наҳзатиҳо буд. Ин пайғоми дасисаву ҳангомаҳои Кабирӣ буд, ки то кунун алайҳи миллати мо тавасути шогирдонаш изҳороти бӯҳтонангезеро бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда истодааст. Аммо наҳзатиҳо бояд донанд, ки ба он “ҷасорату мардонагӣ” –ҳои Кабирӣ дигар ҳеҷ кас бовар намекунад, зеро яқин медонад, ки ӯ қувваи дар сафи мардум дар инқилоб якҷо истоданро надорад ва суханони ӯ худнамоишӣ аст.

М. Алиназарова,

муовини декани факултети муҳандисӣ -иқтисодии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд