Санаи 02.05.2024 донишҷӯёни гурӯҳи 53.01.07, бахши якуми факултети информатика ва энергетикаи ДПДТТ бо роҳбарии устодон аз осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд -яке аз осорхонаҳои бузург дар вилояти Суғд маҳсуб ёфта, дар он намунаҳои зиёде аз осори таърихи гузаштаи халқи тоҷик гирдоварӣ шудаанд.

Сараввал тазаккур бояд дод, ки даромадгоҳи осорхона ҷойи васеи барҳаво буда, шуқӯҳу шаҳомати хоси худро дорад. Дар рӯ ба рӯйи он аз тарафи чап театри мазҳака ва мусиқии Камоли Хуҷандӣ қомат афрохтааст. Дар тарафи рости осорхона боғи Камоли Хуҷандӣ мавқеъ гирифта, дарвозаи боҳашамати он чун идомаи Осорхона ва девори қалъа ба тарафи рост тӯл кашидааст.

Донишҷӯён новобаста аз он, ки ин мавзеъро борҳо дидаанд, дар ин рузи офтобии баҳорӣ аз боздиди дастаҷамъонаи ин мавзеи зебо ба ваҷд омада, хеле хушҳол гаштанд.

Пас аз сӯҳбатҳои дӯстона дар назди даромадгоҳи осорхона, ки саршор аз ватандӯстӣ ва ифтихор аз ватандорию шаҳрдорӣ буданд, донишҷуён ба осорхона қадам ранҷа намуданд.

Боис ба қайди махсус аст, ки кормандони осорхонаи таърихӣ донишҷӯёнро бо чеҳраҳои кушод хеле хуб пазироӣ карданд. Яке аз кормандони ҷавони осорхона ҳамчун роҳбалад таъин карда шуд.

Ҳангоми ба толори осорхона ворид шудан ба мушоҳида расид, ки се гуруҳи дигар, ки ду тои онҳо ҳориҷиён буданд, низ дар ин рӯзу соат ба осорхона ташриф овардаанд.

Роҳбалад, ки ҷавони донишманд ва серғайрат ба назар менамуд, бо мароқи тамом маълумотҳои заруриро пешниҳоди донишҷуён мекард. Ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои саҳеҳу пурра медод.

Бинои ҳозираи осорхона аз як толори васеи болоӣ ва се толори калонҳаҷми зеризаминӣ иборат аст.

 Толори якум «Ҳаёти одамони асри санг» номгузорӣ гардида, толори дуюм «Давраи фулузӣ» номгузорӣ карда шудааст. Дар ин толорҳо ташаккулёбии инсоният  нишон дода шудааст.

Толори дигар тамаддуни ориёиро ёдоварӣ карда, ба ифтихори соли бузургдошти тамаддуни ориёиҳо, ки соли 2006 ҷашн гирифта шуда буд,  бахшида шудааст. Дар толор ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.

Дар толори дигар нуҳ лавҳа мавҷуд буда, ҳар яке аз онҳо, аз ҳаёти Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашиҳои ӯ нақл менамояд.

Диққати донишҷуёнро ҳайкали Темурмалик – Қаҳрамони халқи тоҷик ба худ зиёдтар ҷалб кард. Баландии ҳайкал 3,5 метр буда, бо истифода аз 4тонна метали биринҷӣ сохта шудааст.

Дар толори болоӣ ҳаёти Тоҷистон дар даврони Шуравӣ нишон дода шуда, он асосан давраи истиқлолияти Тоҷикистонро дар бар гирифтааст.

Донишҷӯён аз боздид ба осорхона таассуроти баланд бардошта, қарор карданд, ки дар дохили рефератҳое, ки дар доираи фанни «Одоби муошират дар муассисаҳои тааълимии олии касбӣ» омода хоҳанд кард, фикру ақидаҳо ва таасуроти худро оиб ба ин боздид аз осорхона низ хоҳанд навишт.

Гуфтан ҷоиз аст, ин гуна чорабиниҳо дар тавсеаи тафаккури донишҷӯён накши бориз дошта, дар тарбияи ватандӯстии онҳо ва огоҳӣ доштан аз гузашаи худ аҳамияти калон доранд.

Пас аз ташриф ба осорхона, донишҷӯён бо пешниҳоди сардори гурӯҳ  ва ҳамовозии ҳамагон сайру гашти худро дар боғи Камоли Хуҷандӣ идома доданд.

Сардор Ғуломнабиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд