Вазъияти душвори зиндагӣ ва ё суръати тези рушди техника бисьёр донишҷӯёнро аз майлу хоҳиши хуб хондан маҳрум кардааст. Қариб ҳар рӯз маҷлисҳои омӯзгорӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз дарду шикоят  мебошанд: донишҷӯён намехоҳанд таҳсил кунанд, онҳо ба ҳар сурат имтиҳону санҷишҳо месупоранд, пайваста бо телефону планшетҳо парешон мешаванд. Диплом барои онҳо қадре надорад.

Якчанд роҳҳои баромадан аз ин вазъият мавҷуданд, ки ҳар яки онро муфассал дида мебароем:

  1. Нақши худро дарк кардан аст. Қадами аввал дар роҳи тағирот ба сӯи беҳтарнамоӣ ин аз ҷониби муаллим фаҳмидани нақш ва ҳадафи худ мебошад. Муаллим дар раванди таълимӣ мисли катализатор дар раванди кимиёвӣ аст, вай бояд бо роҳҳои дастрас реаксияҳои амали таълимӣ ва тарбиявиро суръат бахшад. Аён аст, ки омӯзгорон имконияти  аз ҳамаи донишҷӯён барандаи ҷоизаи Нобелӣ карданро надоранд, вале онҳо ба воситаҳои идоракунии шаклҳои тақсими дониш ва мӯҳтавои фанҳои таълимӣ дастрасӣ доранд.
  2. Донишҷӯёнро фаҳмидан лозим аст. Пеш аз ҳама донистан лозим аст, ки донишҷӯён кистанд ва чӣ онҳоро ба донишгоҳ ҷалб мекунад. Аввалан, донишҷӯи муваффақ имрӯз олими ҷавон аст. Ба ин таносух ҳам меъмории системаи сесатҳи таҳсилоти олӣ (бакалавриат, магистратура ва аспирантура), инчунин талаботи моҳиятии он (системаи рейтингӣ, ба ҳисоби нашрияҳо дар Scopus) ва дастурҳо мусоидат мекунанд.

Дар солҳои охири таҳсили бакалаврӣ донишҷӯ қодир аст тадқиқоти мустақилона гузаронад, дар маҷаллаҳои илмӣ мақола нависад. Муаллим инро ба назар гирифта, бояд ба гузаронидани тадқиқот ва натиҷаҳои он ёрӣ расонад. Зеро шояд дар наздаш рӯшанфикри ояндаи илм истодааст, ки барои оғози муваффақ каме таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ бояд кард.

  1. Маводҳои навро омӯхтан лозим аст. Ҳар як насли омӯзгорону олимон аз маводи замони худ худро роҳат ҳис мекунад. Аммо, вақт дар як ҷо намеистад ва дониш навсозии доимиро талаб мекунад. Низоми китобхонаҳои электронӣ ва агрегаторҳои маҷаллаҳои муосир метавонанд сарчашмаҳои хуби донишҳои муосир бошанд. Муносибати байнифаннӣ ба хар як муаллим ёрй мерасонад, ки ба дониши худ нигохи тоза андозад ва бешубха, обрӯи худро мустаҳкам намояд.

Ҳамин тавр, қайд намудан лозим аст, ки таҳсилот аз ҷиҳати сохтор чандир ва тағйирёбанда аст, аз ин рӯ, дар як мавод ҷойгир кардани ҳамаи усулҳо ва маслиҳатҳои дахлдори ҳавасмандгардонии донишҷӯён имконнопазир аст: онҳо ҳатто дар ҷамъбаст ба ҳаҷми стандартии китоби дарсӣ базӯр мувофиқат карда метавонанд. Баъзе таҷрибаҳо натиҷа медиҳанд, дигарашон зуд кӯҳна мешаванд. Гуногунии ба назар намоён набояд омӯзгорро гумроҳ кунад, зеро ҳаракати ҳавасманд кардани донишҷӯён бамуваффақият анҷом наёбад ҳам он аз ҳаракат накардан беҳтар аст ва ҳама гуна таҷриба беҳтар аз набудани он аст.

Қосимова М.Ҳ. , устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд