Ҷаҳони муосирро бе барқ тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро мо ҳамарӯза онро истифода мебарем. Истифодаи нерӯи барқ ҳаёти моро осуда гардонида, саноати имрӯза бо барқ фаъолият мебарад. Истилоҳи «барқ» бори аввал соли 1600 аз ҷониби физик ва пизишки англис Вилям Гилберт дар илм ворид карда шудааст. Аммо аввалин манбаи ҷараёни барқи кимёиро соли 1800 физик, химик ва физиологи итолиёӣ Алессандро Жузеппе Антонио Анастасио Волт ихтироъ кардааст, ки дар замони мо истифодаи манбаи ҷараён ба намуди батареяҳо васеъ истифода мешаванд, инчунин бузургии шиддат бо номи ин олим гузошта шудааст. Соли 1802 физики таҷрибавӣ, муҳандиси барқии худомӯзи рус Василий Владимирович Петров Василий камони барқиро кашф кард. Маҳз аз ҳамин лаҳза давраи барқӣ оғоз мешавад.

Саҳми олимон Ом, Ампер, Ҷоул, Максвелл дар рушди нерӯи барқ калон аст. Тадқиқотҳои Томас Эдисон ва Никола Тесла то замони мо истифода мешаванд ва ҳатто баъзе таҷрибаҳои онҳо то ҳол ноаён мондаанд. Аввалин маротиба ҷараёни доимӣ ва баъд аз он ҷараёни  тайирёбанда кашф шудааст, ки барои мақсадҳои маишии дастгоҳҳои барӣ бо самаранокии баланд ва бехатарии худ истифода мешавад.

Имкониятҳои истифодаи нерӯи барқ маҳдудият надорад, ки далелҳои ҷолибтаринро дар бораи он меорем:

  1. Аввалин калимаи ҷараёни барқро дар матнҳои қадимаи Мисри дидан мумкин аст. Он дар бораи одамоне гап меравад, ки аз моҳӣ зарбаи барқӣ гирифтаанд. Баъдан, нависандагони қадим ин падидаро тавсиф дода, намудҳои моҳиҳои барқиро қайд карданд.
  2. Раъду барқ метавонад зарбаи то 500 волтро расонад. Шикорчиён ҷараёнро ҳангоми шикор ва мудофиаи худ ҳамчун силоҳ истифода мебаранд.
  3. Моҳиҳои шуодор дар обанборҳои ширини Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи басомади сигналҳои барқӣ намудҳои дигари моҳиро аз масофаҳои дур муайян мекунанд.
  4. Аввалин лампаи тафсонро олими рус Яблочков сохтааст. Дар баробари ин Лодигин як тарҳи дигари лампаро таҳия кардааст. Эдисон бошад ихтирооти худро бо истифода аз риштаи бук, ки сӯзишро дароз мекард, такмил додааст.
  5. Дар соли 1910 Дэвид Кулиҷ волфрамро ба лампа ҷойгир намуда, арзиши лампаҳоро кам карда, ба таври оммавӣ истеҳсоли онро фароҳам овард.
  6. Аввалин генератори нерӯи барқиро Фарадей соли 1831 сохтааст. Генератор назар ба муҳаррики электрикии коркунанда 3 сол пештар кашф шудааст.
  7. Соли 1882 Томас Эдисон як нерӯгоҳи барқиро ба кор андохтааст, ки 85 хонаро дар шаҳри Перл Стрит бо нерӯи барқ таъмин намудааст.
  8. Эдисон барои оммавӣ намудани ҷараёни барқ ҳайвонотро бо барқ зада куштааст, ки ин боиси таҳияи курсии барқӣ гардида, барои қатли одамони ҷинояткор истифода мешуд.
  9. 1-нерӯгоҳи миёнаи замонавӣ 180 ҳазор хонаро бо барқ таъмин мекунад.
  10. Аввалин батарея аз тангаҳои нуқра ва диски руҳ аз ҷониби Александр Волт сохта шудааст.
  11. Барқгузаронро падари асосгузори ИМА Бенҷамин Франклин ихтироъ кардааст ва аввалин назарияи барқии раъдро ба вуҷуд оварда, табиати раъду барқро исбот кардааст.
  12. Ҳангоми гузаронидани таҷрибаҳо олимон саломатии худро аз даст додаанд. Аввалин касе Клейст буд, ки аз зарбаи барқ ҳушашро гум кардааст. Аввалин шахсе, ки аз ҷараёни барқ фавтидааст, олими рус Ричман ба шумор меравад, ки дар рафти тадқиқот бо қувваи барқи атмосфера ҷонашро фидо кардааст. Эҳтимол меравад, ки ӯ дар натиҷаи раъду барқ кушта шудааст.
  13. Вазни ҷараёни барқро чен кардан ғайримикон аст, зеро он масса надорад ва ин имконият медиҳад, ки сигнали барқӣ ба суръати рӯшноӣ баробар шавад. Худи электронҳо бо суръати миллиметр/сония ҳаракат карда, зуд ба ҳамдигар сигнал медиҳанд.
  14. Осонтарин роҳи ба даст овардани нерӯи барқ сӯзондани ангишт аст, ки барои истифода бурдани нерӯгоҳи барқӣ истифода мешавад. Гардиши турбинаҳо ба воситаи буғ, ки ҳангоми бо ангишт гарм кардани об пайдо мешавад, таъмин карда мешавад. Дар айни замон роҳи арзонтарини ҳосил намудани нерӯи барқ дар муддати дароз аз ҳисоби манбаҳои барқароршавандаи энергия мебошад.
  15. Нерӯи барқ дар бадани инсон нақши муҳим дорад, зеро ҳуҷайраҳои мушакҳои дил ҳангоми басташавӣ нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, таппиши дилро тавассути пайгирии ин импулсҳо чен кардан мумкин аст.
  16. Майнаи инсон доиман нерӯи барқ истеҳсол мекунад, ки ин нерӯ метавонад чароғи 10 Ваттаро равшан гардонад.
  17. Ҳамаи импулсҳои асаб сигналҳои барқӣ мебошанд. Асабҳо ҷараёнро аз он сабаб мегузаронанд, ки мембранаи онҳо аз як тараф заряди мусбат ва аз тарафи дигар заряди манфӣ дорад. Суръати гузариши қувваи барқ дар торҳои асаб 120 м/с аст.
  18. Бисёр одамон намедонанд, ки чигуна паррандагон дар ноқилҳои барқ нишаста метавонанд. Гап дар он аст, ки аз онҳо миқдори ками шиддат мегузарад, ки зарар расонида наметавонад, аммо ҳамин ки парранда ба ягон металл расад, зарбаи барқ онро мекушад.
  19. Барқ задан дар бадани инсон пайи махсус мегузорад. Расм ба шакли дарахт монандӣ дорад.
  20. Дар вақти зарбаи раъду барқ зарраҳои барқ бо суръати 2 маротиба сусттар аз сууръати рӯшноӣ ҳаракат мекунанд. Худи тахлия ба 3 000 000 волт мерасад.
  21. Сокинони Миср раъду барқро камтар мушоҳида мекунанд, зеро ин падида дар 200 сол як маротиба рух медиҳад. Аммо раъду барқ бештар дар ҷазираи Ява (220 рӯз дар як сол) ва 322 рӯз дар шаҳри Богор (Индонезия) пайдо мешавад.
  22. Дар тамоми сайёра соле 44000 маротиба раъду барқ ба амал меояд. Он ба ҳисоби миёна як соат давом мекунад, аммо дар қисмҳои тропикии иқлим раъду барқ метавонад 12 соат пай дар пай дурахшад. Аксар вақт ин падида дар байни соати 13.00 то 24.00 мушоҳида мешавад.
  23. Аввалин асбобҳои барқӣ: чойник, мошини дарздузӣ, тостер, шамолдиҳак ва курсии барқӣ буданд.
  24. Дар шаҳрҳо бештар нерӯи барқро беморхонаҳо ва клиникаҳо истеъмол мекунанд.
  25. Кишваре, ки аз ҳама бештар нерӯи барқ истеъмол мекунад, Чин аст.
  26. Дар Австралия як генератори барқӣ мавҷуд аст, ки пӯсти чормағзро коркард мекунад. Дар як соат ин дастгоҳ 1680 килограмм сузишвории ғайриоддиро коркард намуда 1,5 МВт нерӯи барқ ҳосил мекунад.
  27. Дар ИМА соли 2015 як наврас кроссовкаҳоеро сохт, ки ҳангоми роҳ рафтан нерӯи барқ истеҳсол мекунад (3 ватт дар як соат).
  28. Зиёда аз як миллиард нафар одамон дар сайёра бе нерӯи барқ зиндагӣ мекунанд.
  29. Барандаи барқ дар аккумуляторҳо на худи молекулаҳои оби муқаттар, балки намакҳои минералӣ ва намакҳои дар таркиби он мавҷудбуда мебошанд.
  30. 0,001%-и нерӯи Офтоб барои қонеъ кардани ниёзҳои нерӯии одам барои як миллиард соли оянда кифоягӣ хоҳад кард.

 

 

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд