Тайи чанд рӯзе, ки дар ҷумҳурии ба мо дӯсти  Қазоқистон нооромиву хунрезиҳо идома ёфт, шахсан маро бетараф нагузошт.

Дар ҳодисаҳои маргбори ин ҳамоядӯст нерӯҳои мухолифони давлат даст доранд.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар як изҳороти видеоии худ ба мардуми ин кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хабар дод, ки бештари тазоҳургарон душманону хоинони миллат буда, мехоҳанд табаддулоти давлатиро анҷом диҳанд. Онҳо андешаҳои ифротиву террористӣ дошта, аз хориҷи кишвар кумаку идора шуда истодаанд. Аз Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ кумак хост.

Хушбахтона, дар Қазоқистон ҷангу хунрезиҳо хотима ёфт. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев эълон дошт, ки тартиботи конститутсионӣ дар тамоми манотиқи кишвар асосан барқарор шуд ва вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Дар ин бора 7 январ хадамоти матбуоти президенти ин кишвар хабар дод. Чӣ қадар харобиҳо ба амал омада, ба давлату миллати қазоқ хисороти моливу ҷонӣ расонид.

Ин ҳодисаҳо моро ҳушдор медиҳад, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем, тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи кишвари маҳбубамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Чунки мухолифони давлату миллати мо ҳам аз ҳодисаҳои Қазоқистон хурсанданд. Аз нақшаҳои бади онҳо насли навинро - махсусан ҷавононро огоҳ намуда, ба онҳо фаҳмонем, ки фирефтаи макру ҳиллаҳои хоинони миллат нагарданд. Аз хотир набарорем, ки тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи Ватани мо ба осонӣ ба даст наомадааст.

Ин гуна ҷангу хунрезиҳоро миллати тоҷик солҳои 1992 - 1997 аз сар гузаронидаанд ва насли калонсол онро нағз дар хотир доранд. Худованд миллати тоҷикро дар паноҳи худаш нигоҳ дорад ва он рӯзҳоро ҳеҷ гоҳ дигарбора наорад.

Дар хотир дошта бошем, ки ҷангу хунрезиҳо ҳар як кишвари ободу пешрафтаро метавонад дар як муддати кӯтоҳ ба харобазор табдил диҳад ва солҳои тӯлонӣ лозим аст, ки оқибатҳои ногувори он бартараф карда шаванд.

 

Боқиҷонов, Набӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд