Саодати ҳар як халқу миллат дар пойдории сулҳу субот ва ягонагии давлат аст. Беҳуда нест, ки ба хотири саодатмандиву зафармандии мардуми шарафманди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави ҳидоятҳои ватандӯстона моро таъкид менамояд, ки мо бояд бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ роҳ ба сӯи куллаҳои мақсуд кадам ниҳода бошем.

Зеро нусрати зиндагии кулли мардуми мо маҳз ба туфайли Истиқлоли давлатиамон ба даст омадаст. Гиромидоштӣ ҳар як арзишҳои олии Ватани маҳбубамон нишони худогоҳии мост.

Яқин мепиндорам, ки миллати пешрафтаву мардуми шарафманди тоҷик ҳамеша шукргузор аст, ки фазои ниҳоят ободу озоди Тоҷикистонро мебинаду дар он зиндагии хушу хуррам дорад.

Ҳоло мардуми тоҷик ҳар куҷое набошад аз тоҷику Тоҷикистони будани худ мефахраду меболад, зеро имрӯз тамоми халқиятҳои ҷаҳон ба миллати тоҷдори тоҷик ҳазор аҳсант мехонанд, ки ин сарзамини камзамини беназир дорои сулҳу ваҳдати Миллист.

Дар ҳақиқат Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба комëбиву муваффақаиятхои беҳамто шарафëб шуд, ки ин бевосита ба хирадмандиву сиëсатмадории Пешвои миллат рабт дорад. Маҳз талошу заҳматҳои пайгиронаи сарвари давлат буд, ки оташи ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон хомӯш гашта мардуми ба озодӣ баромаданд ва дар мамлакат демократияи ҳақиқӣ ҳукмронӣ намуд.

Имрӯз дар назди мо дигар вазифаи хомӯш намудани ҷанг дар кишвар нест, танҳо кифоя аст, ки ба хотири барбод нарафтани заҳмату талошҳои миллионҳо нафар фидоиëни роҳи мустақили дар Тоҷикистон мо бояд озодии мардумонамонро ҳифз намуда, ба ояндагон низ онро ба мерос гузорем.

Ин аст қарзи шаҳрвандии ҳар як шаҳрванди миллатамон, ки омили пешрафту тараққиëти Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Маҳмудова Фароғат Мирзонасриевна, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд