Имрӯзҳо мо –мардуми сарбаланди тоҷик зери таъсири амиқи Паёми тозаироаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “ Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” қарор дорем.

    Паём аз оғоз то имрӯз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузург ба ояндаи нек ва баёнгари пайғому навидҳои тоза мебошад. Ва ҳар сол дар ҳар Паём тозагӣ ва ҳадафмандии қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба наву баландарзиш  гузошта мешаванд, ки имрӯз кишвари тозаистиқлоли моро ба  марҳилаи шукуфоиву ободонӣ расониданд. 

    Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ чун паёмҳои ҳамеша ба зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ва пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ нигаронида шуда, он муҳимтарин санади раҳнамосоз дар ҳаёти ҳар як фарди бонангу ори диёр , хоса мо-ҷавонон мебошад.

Сарвари давлат бо ифтихору саодати бузург аз меҳнати содиқонаву аҳлонаи мардуми шарифи кишвар ёдовар шуда, дастовардҳои хоҷагии халқи кишварро ба ҳафт соли пешин ба риштаи таҳлил кашиданд. Қайд карда шуд, ки новобаста аз хатарҳои замони муосир, махсусан паёмадҳои бемории КОВИД – 19, вусъат гирифтани офатҳои табиӣ иқтисодиёти кишвар ба сураът пеш рафта, даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.

Пешвои муаззами миллат бо таҳлили амиқу нишонрас татбиқи ҳадафҳои стратегии мамалакатро бо мисолҳои возеҳ фаҳмонида таъкид доштанд, ки агар мо дурнамои ин ҳадафҳоро пешбинӣ намекардем, пас мамлакат дар таъмини нерӯи барқ, бунёди инфрасохтор, расидан ба амнияи озуқаворӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба мушкилиҳои зиёд дучор мешуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бинобар роҳандозӣ шудани раванди хусусигардонӣ наздики 11 ҳазор коргоҳҳои бо фарогирии 54 ҳазор ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аксари нерӯи кориро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ҷавонон чун нерӯи пешбар ва таҳрикдиҳандаи хоҷагии халқи мамлакат пайваста зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дорад.

Зеро ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд ва аз насли ояндасози кишвар умеди калон доранд. Ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон аст.

Дар саргаҳи муваффақиятҳои ҳар як ҷавон пеш аз ҳама дониш ва фаҳмиши воло меистад. Воқеан, миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст. Аз ин лиҳоз, давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша саъй мекунад, ки мақоми хосаи илму маориф ва ҷойгоҳи баланди устоду омӯзгор дар ҷомеа таъмин карда шавад. Зеро рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум, пеш аз ҳама, аз дараҷаи донишу маърифатнокӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар будани афроди ҷомеа вобаста мебошад. Бахусус, дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад ва ҳар рӯз уфуқҳои нави таҳаввулоти техникиву технологӣ зуҳур мекунанд.

Дар ин росто Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои худ қайд карда буданд: «…агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд…»

Воқеан ҳам нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Тавре мо хуб медонем, Ҳукумат барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои мазкур ва сатҳи саводнокии қишри ояндадори ҷомеа барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, дар чанд соли охир ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидааст. Махсусан,  дар соҳаи илму маориф давлат ва Ҳукумат иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодааст.

Таъсиси ҷоизаҳои даватии ба номи Исмоили Сомонӣ, Султон Умаров,  дар соҳаи илмҳои дақиқ ва риёзӣ,  “Дурахшандагон”, ҳамасола ҷудо намудани квотаҳо, таҳсили беш аз 45 ҳазор донишҷӯён дар хориҷи кишвар, таъсиси Маркази миллии тестӣ дар назди дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман” худ далолати гуфтаҳои болоиянд.

Қобили зикр аст, ки танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд.

Тавре дар Паём ишора шудааст: дар замони соҳибистиқлолӣ 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи кишвар барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим карда шуд, ки қисми асосии он ба оилаҳои ҷавон рост меояд. Яъне, дар маҷмӯъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд, ки аксари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд. Мусаллам аст, ки вақте шароити зист дар оила беҳтар шуд, падару модарон кӯшиши онро мекунанд, ки фарзандонашон беҳтару хубтар ба таҳсил фаро гирифта шаванд.  Ҳамаи мо хуб медонем, ки сол то сол теъдоди ҷавононе ки ба муассисаҳои таҳсилоии олӣ ва миёнаи касбӣ дохил мешаванд, меафзояд. Дар тӯли ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд. Ин ҳама самараи таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумат аст. 

Инчунин, дар ин давра 11 ҳазор иншооти нави варзиш бунёд гардид, ки он ҳам асосан барои ҷавонон мебошад. Натиҷаи чунин ғамхориҳо буд, ки ғолибони бозиҳои олипиадаи Осиёӣ соли рафта дар кишварамон зиёд гардида, дар риштаҳои бокс, гӯштин, карате ва дигар намудҳо афзуданд.

Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад.

Дастовардҳои  ҷавонони давраи истиқлолият дар ҷодаи истеҳсолоту саноат, илму техника, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳаёти рӯзмарра хеле назаррас ба чашм мерасанд. Маҳз ҷавонон иштирокдорони  чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, варзишӣ ва инноватсионии сатҳи ҷаҳонӣ буда, аз парчамбардорони асосӣ ва қосидони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миқёси байналмилалӣ мебошанд. Ҷавонони имрӯзаи тоҷик аз ҳамқадамони боэътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори бунёди ҷомеаи пешрафта ва фарҳангиву зеҳнии замони нав мебошанд. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раисии Шӯрои миллии кор бо ҷавононро ба уҳда доранд. Зери роҳбарии Сарвари давлат амал намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эътимоду боварӣ ва эҳтироми роҳбарияти сатҳи олии мамлакат нисбат ба ҷавонони кишвар буда, ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти ҷавонон ҳарчӣ бештар дастгирӣ ёбанд ва мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасӣ гардида, роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд.

Хеле хушоянд аст, ки сиёсати дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷамъият пайваста дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Баргузории силсилаи мулоқотҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, тақдиронидани донишҷёну хонандагони фаъол бо квотаҳо, таъсиси грантҳо барои бонувон нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нисбати ҷавонон аст.

Мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи давлатдориро боз ҳам ҳассостар ва муҳимтар гардонидааст.

Зеро имрӯз бинобар огоҳ набудан аз авзои сиёсии ҷаҳонӣ, сатҳи пасти дониши сиёсиву динӣ, ҳушёрии сиёсиро аз дасти додан ҷавонони зиёде гумроҳона ба сафи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил мешаванд. Бояд мо, ҷавонони фаъол таблиғгари зиндагии ростин ба ҷавонони дар чорсӯи зиндагӣ гумроҳмонда бошед. Зеро мардуми огоҳ ва дорои маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи ғаразнок фирефта наметавонад ва огоҳии мардум худ ба яке аз пояҳои асосии амнияти миллии кишвар табдил меёбад.

Дар китоби оламшумул – “Қуръон”-и азимуушанъ омадааст, ки дӯст доштани Ватан як гӯшаи имон аст ва оне, ки ватанпараст аст ба ҳадди ибодат баробар аст.

Бояд зикр намуд, ки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми муассиру ҳалкунанда гузошта метавонанд. Насли ҷавон бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намояд, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорад.

Ибодқул Каримов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд