Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтисоди миллии худ гардида, саноат яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисоди зина ба зина пеш меравад. Таҳлили вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди иқтисодӣ, ҳалли бештари муаммоҳои иҷтимоӣ, баландбардории некуаҳволии аҳолии мамлакат дар асоси инкишофи соҳаи саноат муайян карда мешавад. Рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ба сатҳи инкишофи техникию технологии саноат алоқаи зич дошта, он дар камолоти истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддии ҷомеа, хусусан ташаккули даромадҳои аҳолӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, таъмини эҳтиёҷоти мамлакат бо маҳсулоти саноатии ватанӣ ва ҷалби аҳолии қобили меҳнат ба истеҳсолот нақши муайянкунандаро мебозад.

Имрӯз саноати Тоҷикистон ба симои хоси миллии давлати мустақил соҳиб гардидааст. Акнун он бояд ба тамоми хусусиятҳои мақоми нав мувофиқ шуда, дар доираи чорабиниҳои ташкилию техникии аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда, ки самаранокии истеҳсолотро бо устувории занҷири арзиши иловашуда ва баланд бардоштани дараҷаи коркарди маҳсулот аз ашё то ба маҳсулоти тайёр бурда расонидани онро таъмин карда тавонанд, фаъолият намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд: “...ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда аҳамияти махсус дода, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваю сабзавот, истихроҷи маъдан, коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд”. Бояд қайд намуд, ки саноатикунонӣ нақши калидиро дар инкишофи хоҷагии халқ ва таъмини рушди иқтисод, беҳтар намудани дараҷаи некуаҳволии моддӣ ва сифатии аҳолӣ, тараққии соҳаҳои ғайрисаноатӣ, таъмини бехатарӣ ва суботи иқтисодиёт ва эҷоди шароит барои афзунгардонии суръати тараққиёти иқтисодиёт фароҳам меоварад. Дар стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба ин соҳа ҳамчун соҳаи ҳалкунандаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ баҳо дода шудааст. Аз ҷумла қайд гардидааст, ки “доир ба рушди бахшҳои меҳнатталаби иқтисодиёт, ки маҳсулоти он ба содирот равона карда мешавад (комплекси агросаноатӣ, саноати бофандагӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок) афзалият дода шавад ва ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.»

Бо мақсади иҷрои ин вазифаҳо ва ноил шудан ба пешрафти саноати кишвар то ба имрӯз як қатор барномаҳои соҳавӣ татбиқ гардиданд, ки ба тавсеаи коркарди аввалияи ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуданд. Солҳои охир таҳқиқотҳои олимони ҷавон низ ба ин мавзуи муҳимм бахшида шуда, назди Шуроҳои диссертатсионӣ рисолаи номзадиву докторӣ ҳимоя намуда истодаанд, ки шоистаи таҳсин аст. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумуви кишвари азизамон назаррас аст. Муҳаққиқони ҷавон тавассути пешниҳодҳои илмӣ, навовариву ихтиръкорӣ, иштирок дар форум ва конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ, пешбарии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар ҳамбастагии илм бо истеҳсолот саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Бо ҳидоятҳои Сарвари давлат ва меҳнати софдилонаи зиёиёни меҳнатқарини кишвар имрўз дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ ба маротиб беҳтар шудааст, ки дастоварди арзишманде дар рушди тамоми ҷанбаҳои кишвари азизамон мебошад.

Дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созанд. Итминони комил дорем, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои саноатӣ сафарбар менамоянд.

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд