Давоми се рӯзи охир барои мардуми ваҳдатшиор ва бо нангу ори Вилояти Бадахшони Кӯҳӣ марҳилаи интиҳом ва садоқату вафодорӣ ба оини давлатдории тоҷикон маҳсуб мешуд. Зеро  дар соли 30 – солагии ҷашни соҳибистиқлолӣ ҳамчун “армуғон ҷашнӣ”  “нақшаҳои қаблан тарҳрезишудаи” гурӯҳҳои созмони “Паймони милӣ”,  24 ва аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ аз қабили маддоҳони онҳо Алим Шерзамонов, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашӯров, Шавкати Муҳаммад ин бор низ хок хӯрд. Ба андешаи мо онҳо итминони комил доштанд, бо ангезаи гирдиҳамоӣ дар Хоруғ тамоми сокинони кишварро алайҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мехезонанд, аммо тирашон хок хӯрд. Чаро шояд суол чунин бошад. Барои он, ки касе нақшаву ниятҳои разилона дошта бошад, ҳеҷ гоҳ нақшаҳояш амалӣ намешаванд. Онҳо хуб медонистанд, ки мардуми Бадахшон дар қиёс ба дигар минтақаҳо эҳсосӣ ҳастанд ва чандин ҷавононеро ҳам доранд, ки ба хотири андаке манфиат бар зидии давлат хезанд. Аммо касе ҳаргиз гумон намедошт, ки бар ҷурми ин ҳама номардиҳое, ки иддае аз зӯргӯёни ин минтақа ҷониби Ҳукумат карданд, сабуриро пеша намуданд.

Аслан ин гурӯҳҳои манфиатхоҳ хеле устокорона, соату вақти муаяйн бо баҳонаи поймол намудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон даст ба тазоҳурот заданд.  Лекин сабаби ин ҳама чунин буд, ки санаи 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд

Маврид ба зикр аст, ки Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.

Худ маълум ки асли воқеа чун аст. Аммо инро мухолифини давлат ба таври дигар инъикос намуда, аксаран ҷавононро тавассути шабакаи иҷтимоӣ барои гирдиҳамоӣ даъват намуданд. Ҷавонони ноогоҳи Вилояти Бадахшон зери таасубу эҳсоси нафарони худхоҳ монда, кӯшиши ташкили гирдиҳамоӣ намуданд

Ин амал аз рӯи оини ҷавонмардӣ нест, зеро ҳамаи мо хуб медонем, ки кишвари ҳамсояи мо зери таъсири чунин гуруӯҳҳои манфиатхоҳ монда, имрӯз чӣ ҳол доранд?

Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки ба чунин гурӯҳои манфиатпеша ҳамроҳ нашаванд, зиндагии худу дигаронро зери хатар нагузоранд. Мулки озоди мо беҳтарин василаи ҳаёт ба сар бурдан аст. Ҷои он моро мебояд, барои пешрафти хоҷагии халқи кишвар заҳмат кашем. 

 

Абдусабури Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд