Мардуми Тоҷикситон бо хирадмандиву адолатпарастии хеш ҳамеша ҳақиқат меҷӯянду паи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ мераванд. Зеро ҳар он касе, ки ҳақиқат ҷуст, росткору Худотарс аст ва намехоҳад ба касе зарар расонида, бадӣ хоҳад. Таассуфовар он аст, ки миёни мо нафароне ҳам ёфт шуданд, ки ба кинаву адоват дода шуда, ба суханони бардурӯғи бадхоҳон бовар карда, нисбат ба халқу  Ватани хеш нафрату адоват пайдо кардаанд. Аниқтараш онҳоро ифротиёну ошӯбгарон бо воситаи дини Мубини ислом тариқи шабакаи иҷтимоӣ алайҳи ҳамватани худ таҳрик карда истодаанд. Ҳар амалеро анҷом ҳаст, барои ҳамин бо боварии том метавон гуфт, ки ҳар нафаре дини покро мавриди амалҳои ноинсофона қарор медиҳад, оқибати вой хоҳад дошт, зеро мо ҳама мусалмонем ва нисбат ба дини поки Ислом арҷ мегузорему беҳтарин ахлоқи инсониро аз он меомӯзем. Ҳар нафаре, ки моҳияти онро нодурурст тарғиб кард, гуноҳ бар дӯши ӯст аммо дар зиндагӣ ҷони ҷавони аксарияти ҷавонони ноогоҳро қурбон мекунанд.

Ҳоло ташкилотҳои террористиву ифротгарои барои амалигардонии ҳадафҳои иртиҷоии худ маҳз Исломро восита карда истодааст. Ба ҷавононе, ки моҳияти пурраи динро дарк накардаанд ба “забону ҳадаф”-и худашон онҳоро ба доми худ кашида, на шаҳиди ҷиҳад балки ба ҷаҳолат роҳсипор карда истодаанд. Ягона ҳадафи душманон барбод додани сохтори конститутсионии Тоҷикистон аст, зеро Истиқлолияту озодии моро душманони халқ чашми дидан надоранд. Маҳз ба ҳамин хотир мехоҳанд ба қалби мо, яъне ҷавонон зарба зананд. Аз ин рӯ бештари ҳадафҳои онҳо ба макри хуш олуфта кардани ҷавонони миллат аст.

Ба нохолафону бадкорон рӯ оварда иброз медорам, ки ба Тоҷикону Тоҷикистониён бо чашму дилу нияти бад дида нанигаранд. Соли 2015 амали ваҳшиёна кардеду дидед, ки оқибат худ ба чоҳу кофтаатон ғалтидед. Беҳуда нагуфтаанд, ки “чоҳкан, зери чоҳ”. Бояд инро дарк намоед, ки ҳоло ҳамаи шумо тарафдор ва аъзои ташкилотҳои ифротӣ ҳастед ва созмони таъсисдодаатон риёкор буд ва минбаъд низ аз амалу кирдорҳои нопокатон чунон хоҳад монд. Барои ҳамин ба хотиири сафед кардани гуноҳҳои худ дар назди мардум аз дини поку беолоиши Ислом истифода накунед.

 

Оқилҷонова Шахноза, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд