Бо баробари гузаштан ба асри технологияҳои иттилоотӣ, таъсири иттилоот ва вобаста будан аз расонаҳои иттилоотрасонро бешубҳа ҳар як фард дарк карда истодаааст. Рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бевосита ба мафкураи ҷомеа таъсири калон расонида истодааст. Аз як тараф интернет ҷойи дастраст кардани маълумотҳои зарурӣ, васеъкунии ҷаҳонбинӣ гашта бошад ҳам, аз тараф дигар бо воситаи ин шабака гуруҳҳои экстремистиву террористӣ фикру ақидаи нодурусти худро паҳн карда истодаанд. Бинобар ин, дар замони муосир таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз омилҳои асосии амнияти миллӣ гашта истодааст. Воқеан, дар замони пурҷушу хуруши иттилоотӣ ва ҷаҳони зудтағйирёбанда таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ аҳли ҷомеаро ба ташвиш оварда истодааст. Аҳволи кишварҳои ҷангзадаро мушоҳида менамоем, ки дар натиҷаи ҷангҳои иттилоотии давлатҳои абарқудрат ба чӣ мубаддал шудаанд. Тоҷикистон низ ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва таҳдидҳои хатарзо доим ибтикороти назаррас нишон медиҳад. Пушида нест, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои хеш ғайр аз истифодаи силоҳу лавозимотҳои ҷангӣ, аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ хеле васеъ истифода мебаранд.  Албатта, таъсири иттилоот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури ҷомеаи мо дар асри нав калон мебошад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ба ҳуҷумҳои иттилоотии мақсадноки хоинони давлату миллат истодагарӣ  намоем, то ки онҳо ба амнияти халқи мо таъсири манфии худро нарасонанд. Ҳар як фарди банангу номус бояд донад, ки бо воситаи ин расонаҳои иғвоангез гуруҳҳои номатлуби террористӣ фикру ақидаи нодурусти худро паҳн карданӣ аст.  Дар самти таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳар як фард, ҷомеа аз афкори ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар фазои маҷозӣ бояд чораҳои зарурӣ ва самаранок андешида шавад. Мо бояд нагузорем, ки чунин расонаҳои иғвоангез дар фазои ҳавоӣ ва маҷозии кишвари мо фаъолият барад. Тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон манъ кардани фаъолияти расонаҳои иғвоангези ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ –“Ҳизб-ут-таҳрир”, “Паймони миллии Тоҷикистон”, “Ихвон-ул-муслимин” дар замони муосир айни муддаост. Бинобар ин, ҷавонони моро мебояд,ки зиракии сиёсии худро гум накарда, аз ворид шудан ба чунин расонаҳои иғвоангез дурӣ ҷуянд. Шабакаи интернетро бо мақсади донишандузӣ истифода баранд.

 Саидхоҷаева Дилафрузхон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд