Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ чун дарвозаи тиллоии кишвари мо маҳсуб шуда, бо табиати афсонавӣ ва мардуми даредилу фарҳангдусташ дар саросари олам машҳур аст. Бесабаб нест, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ин минтақа аз ҷумлаи беҳтарин сатҳи забондонии русӣ дар ин кишвари паҳновар дониста имешуд. Куҳҳои сар ба афлок кашидааш номи Боми ҷаҳонро гирифтааст. Бо вуҷуди чунин маъруфият доштан, Бадахшон дар 70 соли давлатдории Шӯравӣ дур аз пешрафт ва тамаддуни муосир монда буд. Бо талош ва маҳсули хиради Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ин минтақа рушд кард. Дар ҳама фаслҳои сол робитаи заминӣ барқарор шуд. Роҳҳои аҳамияти ҷаҳонӣ бунёд шуданд. Сатҳи зиндагии сокинон боло рафт. Таъмин бо нерӯи барқ боис шуд ки сатҳи иқтисодиёт низ боло равад. Аммо ин ҳама пешравиҳо дар пеши чашми нотавонбинон ҳеҷ аст. Имрӯз бо айби иддае аз равшанфикрони дар хориҷа сукунат дошта гуиё ҳуқуқҳои шаҳрвандони ин минтақа нақз мешавад. Ҳоло ҳам ба истилоҳ рекетҳову бандитизм дар минтақа реша давонидааст ва исми Муҳаммадбоқир Боқиров,  Толиб Айёмбеков, Алим Шерзамонов барин зургуен вирди забони ҷавонон аст. Ҳосили ин таассубу имконият додан ба чунин нафарон буд, ки дар ду соли охир чанд гирдиҳамоии бемақсуд доир шуда, дар натиҷа ҳаети осоиштаи мардум халалдор мешавад. Ҳодисае ки санаи 14 май ва 18 май рух дода идомаи ҳамин нақшаҳои беасоси онҳост, ки талаботи ҷонӣ ба бор овард. Ин нафарон ки бо роҳнамоии хоҷагонашон мехостанд мардумро ба гирудор андохта нооромиро ба миён оранд худ ба мақсадашон нарасиданд. Ба нафарони болозикр сулҳу субот монанди хорест ки ба ҳар узви баданашон мехалад. Ба ин нафарон шодию сурури мардуми Бадахшон мотам, баръакс рӯзи тираи онҳо туй аст.

Мо, устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз мардуми вологуҳари Бадахшон даъват ба амал меорем, ки ба игвову дасисаҳо дода нашаванд. Ватанашонро дӯст доранд. Зеро ба ҷузъ ҳамин Ватан ва ҳамин Сарвари давлат касе ба онҳо ғамхор нест.

Олимҷон Расулов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд