Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.

Маҳз туфайли эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар олимпиадаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ олимпиадаҳои зерин, аз қабили олимпиада аз фанни математика ба номи Умари Хайём, аз  фанни технологияи иттилотӣ ба номи Ал- Хоразмӣ, аз  фанни физика (астрономия) ба номи Абурайҳони Берунӣ, аз фанни химия ба номи Закариёи Розӣ, аз фанни биология ба номи Абӯалӣ Сино, аз фанни география ба номи Носири Хусрав, олимпиадаи даставӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ, даставии хонандагони мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат аз фанҳои табиӣ-риёзӣ, олимпиадаи лоиҳавӣ-ихтироъкорӣ «INTEX» ва оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор мегарданд.

Дарвоқеъ, пешниҳоди «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои рушду нумӯи ояндаи мамлакатамон моҳияти калидӣ дошта, таваҷчуҳи на танҳо олимони соҳаҳои гуногуни илмҳои табиӣ ва риёзиро ба худ ҷалб намуд, балки ин иқдом минбаъд барои пешрафти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва саноатикунонии босуръат заминаи бузурге гузошта метавонад.

Бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии
«Илм-фурӯғи маърифат» ба нақша гирифта шудааст.

Аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо олимпиадаҳои фанҳои дақиқ роҳандозӣ мегарданд.  Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  навбатиашон 26 декабри соли 2019 пешниҳод намуданд, ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор карда шуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд.

Дар ин замина бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, № АП-44 Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии
«Илм-фурӯғи маърифат» ба тасвиб расидааст, ки мувофиқи он ба ғолибон ва ҷоизадорони озмуни мазкур имтиёзҳои мухталиф пешбинӣ карда шудааст.

Тоҷикон дар арсаи ҷаҳон бо бузургтарин донишмандон, ахтаршиносон, кимёдонон, заминшинос, мантиқдон, риёзидон, физикдон, аз қабили Умари Хайём, Ал- Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Абӯалӣ Сино ва Носири Хисрав ва ғайраҳо ифтихор доранд.

Мо, устодон ва дӯстдорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро зарур аст, ки аз имкониятҳо ва имтиёзҳои пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда, баҳри аз худ намудани фанҳои дақиқ пайваста ба омӯзиш машғул шавем.

Ёдовар бояд шуд, ки ин ҳама дастовардҳо пеш аз ҳама туфайли заҳматҳои шабонарӯзии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба мо ҷавонон имконият медиҳад, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш кӯшиш намоем.

Ин ҳама пешравиҳо аз сиёсати оқилона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Амон Раҳимов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд