Онҳое, ба қадри оромишу амнияти Тоҷикистони азиз дар ин рӯзҳое, ки дар ҳар тарафи дунё ҷангу нобасомонӣ ҳукмфармост мерасанд, бояд донанд, ки ҳеҷ неъмат беҳтар аз сулҳ ва ромӣ нест.

Онҳое, ба қадри ин давлат мерасанд, ки аз таърих медонанд сарзамини мо мавриди тохтутозҳо буду аз даст ба даст мегузашт ва мо соҳиби давлат набудем.

Онҳое, ба қадри хидматҳои ҷонфидоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасанд, ки чашму дили бино доранд.

Тараққиёти 30 солаи Тоҷикистон дар ҳама соҳа шояд асрҳои аср набуд

Фақат ҳастанд одамони тасодуфӣ нафароне, ки садоқат ба давлат надоранд, аммо соҳиби вазифае ҳастанду вазифаро ба манфиати хеш мустафид мешаванду ба зарари дигарон кор мекунанд ва боиси норозиҳо мешаванд.

Бояд андешем, ки ҳар қонуншикании мо як рахна ба бовари мардум мешавад. Лутфан садоқат ба миллат давлат ва Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дошта бошем.

Агар ҷонфидоӣ, ватандорӣ, садоқат ва шуҷоати Пешвои худро идеал намоем, ба худу ба ҷавонон омӯзем шояд тоҷике хоин нашаваду ба роҳи хиёнат наравад.

Дар соҳаи маориф дар тарбияти имрӯзу фардои миллат ба сохтакорӣ набояд роҳ диҳем.

Миллати Тоҷик аз давраҳои қадим то имрӯз тамаддунофару соҳибтамаддун ба шумор меравад. Дар бунёди тамаддуну фарҳанги Тоҷикон ва ҳифзи арзишҳои он нақшу ҷойгоҳи шахсиятҳои фидоӣ бузург мебошад. Хусусан, абармардон дар ташкил, инкишоф ва устувории давлатии миллии мо дар аҳди ниёгонамон ва имрӯз низ нақши калидӣ доранд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 90 - уми асри - 20 миллати Тоҷик Истиқлоли сиёсии худро ба даст оварда, давлатии миллие бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намуд. Бешубҳа, шахсиятҳои огоҳи миллӣ, замони бунёди чунин як давлати мутамарказ ҷони худро бахшиданд, то ки насли ояндаи миллати мо соҳиби давлат бошад. Вале, бо сабаби баъзе давлатҳои манфиатхоҳ дар Тоҷикистон ва бо дасти худи миллати Тоҷик ҷанги таҳмилии бародаркуширо созмон доданд. Мутаасифона, дар он раванди ҷанги бунёдсуз душманони миллати Тоҷик тавонистанд, ки мардуми моро гумроҳ намоянду сулҳу субот ва ободии давлати тозаистиқлолро хароб созанд. Дақиқтараш, наздик буд, ки миллати Тоҷик ва давлати миллии моро парокандаву аз харитаи сиёсии ҷаҳон нобуд намоянд. Кулли бадбахтиҳое, ки дар замони аввали соҳибистиқлолии мамлакатамон рух дода буданд, бо ҷурми чанд душмани ашадии миллати мо амалӣ гардида буд. Хушбахтона, пас аз 16 ноябри соли 1992 ба саҳнаи сиёсӣ ва ба доди мардуми Тоҷик абармарди ҷавону далер муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расид. Мутаасифона, ҳолати воқеии он замонро танҳо иштирокчиёну шоҳидҳои зинда гуфтаву тасвир карда метавонанд, вале таърих гувоҳ ҳаст, ки қариб миллати Тоҷик пароканда ва давлати миллӣ аз байн мерафт. Қаҳрамони миллӣ, абармарди таърих Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти давлати навинро ба души худ гирифта, бо як боварии том ва шуҷоатмандона иброз намуд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам” ва ин сарзаминро ҳифз хоҳам кард. Бешубҳа, дар замоне, ки сиёсатмадорони ботаҷриба ва роҳбарони кордида аз гирифтани масъулият сарпечӣ менамуданд, марди роҳ, Пешвои маҳбуби миллат ҷасурона тамоми ваколату масъулиятро қабул намуд.

Матлуба Турсунова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд