Шахсиятҳои бомаърифати олам китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Нисбати китоб ва китобдорон боэҳтиром сухан меронанд. Халқи тоҷикро ҷаҳониён, аз замони қадим, таввасути илм, адабиёт ва санъати волояшон мешиносанд, ки онҳоро маҳз китобҳо ҳифз ва баррасӣ намуда, то замони мо овардаанд. Оре, китоб калиди хазинаи илму маърифат буда, таҷрибаву дониши тамаддуни ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон, санъат вобаста аст.

Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чуб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пусти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Акнун бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои қоғаз назми нави китобдорӣ чорӣ гардид, ба ҷойи сангу чуб аз қоғаз истифода мебаранд. Асарҳои мутафаккирон Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ аз ҷониби хушнависон иншо гардида, насл ба насл гузаштанд. Хушбахтона, китобҳои сафолину сангӣ ва нақши рӯи чубҳо то замони мо расида, имрӯз зиннати осорхонаҳои муътабари ҷахонианд. Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро равшан мекунад. Ҳаётро бо дониш, ки аз китоб сарчашма мегирад, тассавур кардан мумкин аст.

Китоб барои мо манбаи дониш, дӯсти бовафо, маслиҳатгари беминат, рафиқи беғараз, ҳамдаму ҳамсӯҳбати муваффақ аст. Китобхонӣ имрӯз бояд ҷузъи муҳими тарбияи насли наврасро ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст. Он ба шахс таассуроти амиқ бахшида, ҷаҳонбиниашро васеъ мегардонад. Китоб устоди беминат аст. Шахс аз китоби хондааш дарси одобу ахлоқро меомӯзад, накукору покахлоқ ва ватандӯст тарбия ёфта, ба камол мерасад. Аз ин рӯ, бояд ҷавонон ба қадри китоб бирасанд, вақти пурқимати худро ба беҳудагардию корҳои ношоиста сарф накарда бештар китоб хонанд, то дар зиндагӣ душворие садди роҳи онҳо нагардад. Барои он ки шахс хирадманд гардад, пеш аз ҳама, илму дониш омӯзад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш дар баробари зикри масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба масъалаҳои тарбияи насли созанда, мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ доимо таъкид менамоянд, ки “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”.

Президенти кишвар дар ин робита дар Паёми хеш ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров-китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.

Тақдими шоҳасари “Тоҷикон” ба ҳар як хонаводаи кишвар боз як иқдоми хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат аст ва итминон дорем, ки пас аз мутолиаи ин китоб ва пайдо кардани шинохти дуруст аз фарҳангу таърихи гузаштаи хеш мардуми сарбаланди мо боз ҳам беҳтару бештар барои ободсозиву гулгулшукуфоии Ватан камари ҳиммат баста, талош мекунанд, то ному пайкори созандаи онҳо низ дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо сабт гардад. Мутолиаи ин китоб бешак ба ҷавонони мо таъсири амиқ гузошта, ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд ва онҳоро аз зери таъсири гурӯҳу ақидаҳои ифротӣ берун кашида, дар маҷмӯъ ба ватандӯстиву ватанпарастӣ роҳнамоӣ мекунад.

Таи се сол дар кишвари мо аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ доир мегардад. Дар озмун хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар метавонанд иштирок намоянд. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз беҳтарин падидаҳои даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.

 Ҳадафи ин озмун - баланд бардоштани сатҳи фарҳангу дониши наврасону ҷавонон ва ҷомеа мебошад. Ба замми ин озмуни мазкур барои худшиносии миллӣ, шинохти таъриху фарҳанг, шинохти ҳувияти миллӣ, тарбияи эҳсоси қавии ватанпарастӣ, одоб, маърифат ва дигар ҷодаҳои ватандорӣ аҳамияти фавқуллода дорад. Маърифати баланди инсони китобхон, андешаҳои суиқасд ба ҷон, фирор аз хизмати Ватан-Модар, ҳисси бадбинӣ ва дигар амалҳоро дур менамояд, зеро ӯ бо мутолиаи бештари китоб ҳисси ватандориро дар замири хеш ҷой намуд ва медонад, ки дар ҷомеа, чӣ корҳоро пешаи худ намояд.

Ибодқул Каримов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд