Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш таъкид дошта буданд, ки агар мо хоҳем, ки фарзандонамон бомаърифату соҳибзаковат бошад, пас барои азхудкунии ду ё се забони хориҷӣ, огоҳӣ ёфтан аз техникаву технологияҳои муосир мусоидат намоем. Воқеан мллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, он миллат ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст. Аз ин лиҳоз, давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша саъйю кӯшиш мекунад, ки  мақоми хосаи илму маориф ва ҷойгоҳи баланди устоду омӯзгор дар ҷомеа таъмин шавад. Зеро рушди тамоми соҳаҳои кишвар  ва сатҳу сифати зиндагии мардум, пеш аз ҳама аз дараҷаи донишу маърифатнокӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар ва забондон будани ҳамаи табақаҳои қишрҳои ҷомеа вобаста мебошад.

Дар таърихи башар нақши дониш басо барҷаставу сарнавиштсоз будааст. Маҳз илм буд, ки инсонро аз торикиву зулмот ва ҷаҳолат баровард, манзилу шаҳр обод карду қонунҳо эҷод намуд, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ низом бахшид, давлат бунёд намуд, фарҳангу маънавиётро ташаккул дода, ӯро аз ниқоби ҳайвонӣ дур карда дар шинохти мақом ва манзалати худ инсонро раҳнамун сохт. Дастовардҳои илмии башарият маҳз тавассути низоми маориф дастраси аъзои ҷомеа гардида, ба пешрафтҳои минбаъдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ замина мегарданд.

Илм ин роҳи шинохти олами табиӣ ва идоракунандаи он мебошад, ки дар тӯли таърихи инсоният илмҳои гуногун пайдо шудаанду рушду тараққӣ ёфта, ҷанбаҳои гуногуни олами атрофро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд, яъне илм пешбарандаи ҳаёти инсон аст. Ҳар касе дар роҳе раваду талаби илм кунад, Худованд барояш роҳи фарроху ба сӯи биҳишт ҳадя мекунад. Касоне ки дар замину осмонанд ҳатто моҳиёни каъри дарё барои шахси толибилм омӯзиш металабанд,

Бузургон дар гузаштаи таърих фармудаанд: “Аз гаҳвора то ба гӯр дониш биҷӯй”- яъне аз хурдсолӣ то ба охири ҳаёт инсон бояд илмомӯзиро қатъ накунад. Илм чашму дили касро равшан месозад ва инсонро аз ҳама корҳои бад нигоҳ медорад. Илму дониш чароғи роҳи ҳар яки мост. Аз ин рӯ месазад, ки мо насли наврасро дар рӯҳияи илм омӯхтан рӯ ба китобхонӣ овардан тарғибу ташвиқ намоем.

Шукргузор аз он ҳастем, ки таи чанд соли охир бо сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Тоҷикон оинаи таърихи миллат” роҳандозӣ шудааст, ки дар он аз хурдсолон то калонсолон ҳуқуқи маънавии иштирок карданро доранд. Ин ташаббусҳои некбинонаи Сарвари давлат ба он  заминаю асос мегузорад, ки сатҳу савияи дониши мо баланд шаваду дар оянда мутахассисони донишманду болаёкат ба воя расанд.

Дар донишкадаи мо низ барои тақвияти дониш ва маҳорат корҳои бузургу шоиста рӯи кор омада истодаанд. Таъсиси 42 кафедраи муосири замонавӣ, ташкили кафедраҳои сайёр дар назди коргоҳҳо, иштироки фаъолонаи донишҷӯёну устодон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, роҳандозӣ шудани лоиҳаҳо барои беҳдошти сифати таълим аз қадамҳои қатъии роҳбарияти донишгоҳ маҳсуб мешавад. Итминон дорем, ки чунин азму қатъият моро ба сӯи пешравиҳо раҳнамун месозад. 

Наргис Ҳомидова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд