Дар яке аз шабакаҳои телевизиони Русия гуфтугӯи мустақими  руҳониеро тариқи радио гӯш мекардам. Яке аз шунавандагони Раидо нуктаи назари олими диншиносро вобаста ба муҳоҷирони меҳнатии аз Осиёи миёна омадаро пурсида, ҳатто таҳқир ҳам кард, ки онҳо ба талаботи санитариву гигиенӣ риоя намекунанд, рафторашон қобили қабул нест. Он рӯҳонӣ дар ҷавоб гуфт, ки ин муҳоҷирон аз мардуми таҳҷоӣ, хосса русзабонҳое, ки дигар қавму миллатҳоро дида наметавонанд, даҳҳо маротиба беҳтаранд, зеро онҳо дил доранд, имон доранд, аз фардои падару модар, ватанашон андеша мекунанд. Агар онҳо дил намедоштанд, имон намедоштанд, ба хотири волидон, фарзандон ҳазорҳо фарсахҳоро тай карда, дар шароити тангно кор намекарданд. Шумо ягон мусулмонро дидаед, ки падару модарашро дар дами пирӣ танҳо гузоштааст? Дар хонаам чанде аз ҷавонони тоҷик кор карданд. Мани олими диншинос чӣ будани одамият, қадру манзалатро аз ин ҷавонон омӯхтам. Он касе, ки тоҷикро гумроҳ мегӯяд, худаш нодон аст. Агар ҷавонони одии тоҷик чунин донишу андешаронӣ дошта бошад, пас ин миллат бузург аст ва роҳнамои он низ шахси босавод аст. Ин суханони як падари руҳонии яке аз минтақаҳои Русияро шунида, ростӣ хеле мамнун шудаам, ки дар хориҷ низ миллати моро дар аслаш мешиносанд.

Имрӯз ин баҳогузорӣ хеле муҳим аст. Зеро ҳодисаи чанд рӯз пеш рухдода дар толори консертии “Крокус сити" - и шаҳри Маскав як андоза вазъи буду боши муҳоҷирони моро мушкилтар намуд. Ҳарчанд аз ҷониби тафтишгарон дақиқ ин ҳамлаи террористӣ таққиқ мешавад, аммо хулоса ин аст, ки ҷавонони ноогоҳи мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб накардаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳар баромади хеш аз фарҷоми шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ сухан мекунанд. Мӯҳтавои мулоқоти беш аз 5 соата бо фаъолони ҷомеа, ходимони дин маҳз ҳамин мавзӯро фарогир буд. Ба гуфтаи Пешвои миллат терорист ва ифротгаро Ватан, модар ва ахиран дил надорад. Ин нафарон манқуртони замони нав ҳастанд, ки натанҳо худро қурбони хоҷагони худ мекунанд, ҳамзамон наздикону пайвандони хешро сархам дар ҷомеа месозанд. Агар фаъолони ҷомеа бо дарки фаҳмиши дурбинона чунин ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят мекарданд, шояд чунин амалҳо коҳиш ёбад. Аммо ҷои афсус аст, ки иддае аз насли бедил, бедин, фаротар аз ҳама бесавод боиси сар задани чунин ҳодисаҳо гардида истодааст. Магар бо куштани беш аз 143 нафар мурод ҳосил шуд. Чаро шахсони бегуноҳ боиси марги ин амалҳои ваҳшиёна гардиданд? Фикр мекунам ба таъбири гузаштагонамон “олами дигар бибояд сохт ва аз нав одаме.

Роҳи раҳоӣ аз ин варта танҳо дар омузиш, маърифати баланд, ҳиси ватандӯстӣ аст. Агар ҳар яки мо аз гузаштаи пурифтихори хеш огоҳ бошем, насиҳатҳои падаронаи Роҳбари давлатро ба инобат гирем, он имконияту шароитҳоеро, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароямон муҳайё кардааст, самаранок истифода барем, пас он гоҳ мо тоҷики асил ҳастем . Имрӯз фурсате расида, ки ҷои тиру туфанг китоб ба даст гирем. Хонем, омӯзем бунёдкорӣ ва навоварӣ намоем. Хиште дар бунёди қасри боҳашамати истиқлол гузорем. Нагузорем, ки аҳли ҷомеа  ҷаҳонӣ бо тундӣ, нафрат ва надомат суи мо дида дӯзад.

Арзишмандтарин чизе, ки падар ба фарзанд медиҳад, тарбияи хуб аст, фарзандони худро эътироф кунед ва онҳоро тарбияи хуб диҳед,  фарзандон ва аҳли хонаводаи худро дар аз нигоҳи маънавӣ омӯзонед ва тарбияи некӯ диҳед.

Умедворем, ки ҳар нафари ҳушёр, огоҳ ва дилсӯзи миллат роҳи ростинро худ интихоб мекунад. Роҳи рост ин ҳамон роҳест, ки Пешвои миллат моро ба фардои дурахшон мебарад

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд