Ҳадафи  қувваҳои пешбар, хатарзо ва таҳдидовари терроризм, намояндагони зархариди ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоиандоз ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкумшудаю эътирофнашуда,  даҳшатафканию куштор, ифротгарию тундгароӣ, зӯрию тахрибкорӣ аст. Аз садою симо,воситаҳои ахбори омма мо ҳар рӯз шоҳиди манзараҳои қатлу ғорати бачагон,занону духтарон, аҳолии осоишта, ваҳшонияту кирдорҳои бешарафонаи ин гӯрӯҳҳо мегардем. Новобаста аз он ки ин доираҳои экстремистӣ ба тамоми инсоният хатарҳо эзод кардаанд, иддае аз ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ба сафи онҳо мепайванданд. Аламовар он аст, ки чунин ашхос дидаву дониста фирефтаи шиору мақсадҳои нопоки гӯрӯҳҳои даҳшатафкан гаштаанд .Ба назари мо камсаводию нодонӣ, роҳи дурусти зиндагиро надонистану наёфтан ,ба душвориҳои муваққатию муқаррарии ҳаёт тоб оварда натавонистан, нокомиҳои зиндагӣ,набудани ҷойи кору ихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, роҳи осони кор кардани маблағ, яккаву танҳо мондан рӯ ба рӯӣи мушкилот, рафтан  ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан омилҳои асосии пайвастани ҷавонон ба гӯрӯҳҳои моҷароҷӯю ифротианд.

Давлату ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  -Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи хатари ин вабои аср барои пеши роҳи онро гирифтан чораҳои қонунӣ меандешад.Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки бо нишондоду маблағгузории хоҷагони берунии хеш амал мекунанд, амнияти мардуму давлатро халалдор менамоянд, мамнӯъ эълон шудаанд. Ҳалқи шарифи Тоҷикистон сиёсати дурандешонаи роҳбарияти олии мамлакатро пурра дастгирӣ ва тарафдорӣ мекунад.Ба қувваҳои ифротӣ дар миёни мо ҷой нест!

   Терроризм, ки мувофиқи фармудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватан, миллат, дину оин надорад, мақсади ниҳоии он ба ҳаросу таҳлука андохтани мардум,  зӯрию хушунат, хонавайронӣ ва харобкорӣ мебошад.Ҷавонон набояд ба роҳи хато раванд, чаро ки роҳи нодуруст ба хорию зорӣ, мутеъгӣ, коҳши ёфтани шаъну шараф, аз даст рафтани обрӯю эътибори худи шахс, оилаю хешу ақрабо,парешонию нотинҷии оилаҳои хушбахт, боиси тарки Ватан, ҷудоию бадбахтии фарзандон, гирифтори ғарибӣ, ихтиёран хешро ба коми оташ партофтан, ниҳоят ба марги ногузиру маҷбурӣ мебарад.

  Дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хавфноку ҷиноятпеша дар қатори ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ мактаб низ муаззаф аст. Касе ҷинояткор таваллуд намешавад. Ҳамаи фирефташудагон дар оилае, мактабе таълиму тарбия гирифтаанд. Аз ҷамъият низ дур набуданд. Шояд ягон ҷиҳати тарбияи фиребхӯрдагон аз доираи назари мо берун мондааст, дар ҳалли дурусти масъалае дар ғафлат мондаем ё ба иштибоҳе роҳ дода бошем. Талаба аз рӯзи қадамҳои аввалинро ба остонаи мактаб гузоштан бояд аз ҷиҳати маънавӣ сиёсӣ, ҷисмонӣ, илмӣ ва иттилоотӣ ба таълиму тадрис фаро гирифта шуда бошад. Мактаб  бояд дар ҳамкорию ҳамбастагӣ бо оила дар тарбияи зеҳнӣ ва ахлоқии бачагон мавқеъ ва мақоми созгор дошта бошад. Ҳар соату дақиқа дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзию нисфирӯзӣ, дар дарсҳо, соатҳои тарбиявӣ ва корҳои тарбиявӣ, дар ҷамъомаду маҳфилҳо, вохӯриҳо  бо падару модарон бо иштироки намояндагони  сохторҳои қудратӣ,баромадҳои омӯзгорони собиқадору пуртаҷриба назди талабагону волидайн, ҳангоми сӯҳбатҳои инфиродӣ бо хонандагони душвортарбия ва  беҳудагард  доштани алоқаи зич ва ҳамкорӣ бо кумитаи падару модарон ва хонаводаҳои осебпазир бояд  пешорӯи фаъолияти ҳаррӯзаи омӯзгорону мактаб қарор гиранд. Бачагон ҳангоми мактабхонӣ ба касбу   ҳунаромӯзӣ, интихоб ва аз худ кардани ихтисосҳои гуногун ҳангоми мактабхонӣ имкон доранд.Агар хонанда аз ҷиҳати  сиёсию ахлоқӣ обутоб ёфта бошад, ҳеҷ вақт  ба равия  ва ташкилотҳои  хатарнок  майл намекунад. Зеро медонад, ки оқибати амали  нодурусташ   ба костагии  ахлоқ, хиёнат ба Ватан, маҳрумӣ аз озодӣ ва маҳрумиятҳои дигари маънвавию иқтисодӣ оварда мерасонад.

 Насимова Манижа, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд