Вабои аср, ки терроризм ва экстремизм ном дорад, тамоми оламро ба ташвиш андохтааст. Ин вабо чун силоҳи ядроӣ хатари чиддӣ дошта, ба ҳар як сокини кураи замин муаммо ба вуҷуд овардааст.

Сабабҳои шомил шудани мардум ба  гурӯҳҳои тундрав ин паст будани маърифатнокӣ ва дониши диниву дунявӣ,   норозигӣ аз вазъи воқеӣ, тарбияи нодуруст дар оила ва амсоли инҳо мебошад. Чавонон, ки яке аз қишрхои осебпазири чамъият ба шумор мераванд, бештар ба доми гурӯҳҳои мазкур меафтанд.  Раҳгумзадагӣ, бекорӣ, бесаводӣ, муҳоҷират, нобаробариҳо ва бемаърифатии ҷавонон, носолимии муҳити оила,  беэътиноӣ нисбати ояндаи фарзанд аз ҷониби волидон  омилҳои асосии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав аст.

Баҳри пешгирии терроризму экстремизм ва шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро  Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳамешагӣ чораҳои мушаххас меандешад.

Баҳри решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб бояд ҳар як фарди кишварро зарур аст, ки саҳми худро гузорад. Тарбия аз оила оғоз мегардад. Бояд волидон ҷиҳати дар рӯҳияи  худоогоҳию хештаншиносӣ, ватандӯстиву ободкорӣ ба камол расонидани фарзандон кӯшиш намоянд ва созандаи ояндаи неку дурахшони онҳо бошанд. 

Ҳамчунин, муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои дахлдор,  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баҳри пешгирии падидаҳои номатлуб чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла вохӯриву мулоқотҳо, сӯҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ, усулҳои хона ба хона, кӯча ба кӯчаро баргузор намоянд.

Ҳар фарди ватандӯст дар назди халку Ватан вазифадор аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешравию шукуфоии кишвари азизамон, пос доштани анъанаҳои неки ниёгонамон саҳми арзанда дошта бошанд. Нагузоранд, ки нохалафе, бадкинае, ҷангҷӯе,хиёнаткоре ба тинҷиву амонӣ ва сулҳи Ватани маҳбубамон халал ворид  созад.

Азамҷон Усмонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд