Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат ҷавонони бо нангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017, Соли ҷавонон эълон гардид,  ки ин эътимоду боварии Сарвари давлат ба масъулияту ташаббусҳои тамоми ҷавонон кишвар мебошад. Ин иқдоми шоистаи Сарвари давлат, дар таҳкими худшиносии миллӣ, худогоҳиву ҳисси ватандӯстии онҳо обутоби сиёсиву ҷисмонии насли ояндасоз ҳамаҷиҳата мусоидат намуд.

Воқеан Истиқлолиятӣ давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳост, ки тамоми наслҳои миллати сарбаланди  тоҷик баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳазорсолаҳо барои он талошу ҷадал доштанд, вале ин рӯйдоди одилонаи таърихӣ танҳо насиби насли имрӯзаи тоҷикон мушарраф гардида, боиси шарафу ифтихори  мост.

Вале як чизро набояд фаромӯш кунем, ки барои ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардидан, миллати шарафманди тоҷик аз имтиҳони сахти таърихӣ гузашта, бо худшиносиву матонат худро барои оламиён муаррифӣ кард ва собит намуд, ки соҳиби  таърихи пурифтихор ва фарҳангу маърифати пойдору устувор мебошад.

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” пазируфта шуда аз ҷониби бештар аз 193 кишварҳои олам ҳамаҷиҳата дастгирӣ ёфт. Бешубҳа ин иқдоми таърихӣ боиси ифтихормандии мо, - ҷавонон гардида ҳар яки моро ба амалҳои созандагию ободкорӣ ва саҳм гирифтан дар дастовардҳои даврони истиқлолият ҳидоят менамояд.

Аз оғози соли равон амалӣ гаштани боз як ҳадафи  стратегии давлат,- таъмини истиқлолияти энергетикӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистони азизи мо дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Аммо ҳанӯз ҳам ҳастанд носипосоне, ки ин ҳама дастовардҳои беназири даврони Истиқлолиятро нодида мегиранд. Онҳо имрӯз дурр аз Ватан дар мулки ғарибӣ истода, ба хотири молу манол, манфиатҳои нафсонии худ мехоҳанд ба зеҳну тафаккури ҷавонон андешаи муғризонаи хешро ҷо намоянд. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз даъваткунандангони ҷанги бародаркуш худ оташи ҷангро баланд намуда, роҳи гурезро пеш гирифтанд, аммо хуни ҳазорон нафар ҷавонон ин ҷо рехта шуд. Нуриддин Ризоӣ, Шарофиддин Гадоев барин фурӯхташудагони миллат, ки имрӯз ба қавли дар дили Аврупо сукунат доранд, дигарбора умеди ба Ватан баргаштанро доранд ва ин бор ба гуфти «пирашон» Кабирии худхоҳ баҳри ғалаба. Ман намедонам пирӯзӣ аз болои кӣ? Аз болои Ватан, миллат, марз, Пешвои миллат? Пас онҳо аллакай дар тақдири худ ҳукми нобудиро навиштаанд. Бовар кунед, ягон ҷавон аз паси ин нафарон барнамехезад. Барои ин тӯдакаш бояд шуд. Бояд бо кору пайкори худ исбот намоянд, ки барои ин меҳан чӣ кор карда метавонанд. Хеле хандовар аст мисолҳои онҳо оварда. Магар пеши роҳи офати табииро гирифта мешавад. Селу борон, раъду барқ натанҳо дар кишвари мо, балки дар аксари минтақаҳои олам ба чашм мерасад, аммо онро ғазаби Худованд гуфтан бар зидди давлат ин боиси хандахаришист. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ягон шаҳрванди дар ин офатҳои табиӣ хисорот дида, аз ҷониби давлат беназорат намемонад. Мо тӯли солиёни зиёд борҳо амали ҷавонмардонаи Роҳбари давлатро дидаем. 

Мо, ҷавонони кишвар марзу буми Ватани азизамонро муқаддас шуморида, онро сидқан дӯст медорем ва саҳми арзандаи худро дар бунёди ин давлати мутараққӣ хоҳем гузошт ва бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон изҳор медорем, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоем, ва барои осудагӣ ва суботи Тоҷикистон сайъу кушиш намуда тамоми ҳастии худро барои амалисохтани ин ғояҳои наҷиб ташкилу сафарбар менамоем.

Ҷамшед Мирсаидов, сарвари созмони ҷавонони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд.