Яке аз нуктаҳои хосаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба даст омадани ҳамдигарфаҳмӣ  миёни нирӯҳои дорои мавқеи сиёсии динӣ ва дунявӣ мебошад. Барои дар амал татбиқ намудани ин тафоҳум, моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд аз ҷумла ҳизбҳои сиёсии дорои хусусияти динӣ таъсис намоянд. Дар сатҳи Сарқонуни як давлати дунявӣ расмият ёфтани ин ҳуқуқи сиёсӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои низоми нави сиёсии Тоҷикистон баъд аз низоъ маҳсуб мегардад. Мутобиқи ин меъёри конститутсионӣ 28 октябри соли 1999 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҳизби дорои хусусияти динӣ, яъне Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба таври расмӣ ба қайд гирифт.

Гарчи ин ҳизб пештар таъсис гашта, солҳои 1991-1993 низ фаъолият дошт, вале бақайдгирии дубораи он, ки акнун кафолати конститутсионӣ ёфта буд, на танҳо дар таърихи худи ҲНИ, балки дар раванди сиёсии Тоҷикистони муосир низ як марҳилаи навин буд: Тоҷикистон дар минтақа ягона кишваре шуд, ки дар он ҳамзамон бо мавҷудияти низоми дунявии давлатдорӣ ҳизби сиёсии дорои хусусияти динӣ фаъолият мекунад.

Ин воқеияти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бисёре аз доираҳои илмию сиёсии ҷаҳони муосирро ҷалб намуда, паҳлӯҳои гуногуни он хусусан дар хориҷи кишвар мавриди омӯзишҳои васеъ қарор гирифтаанд.

Асри 21 давраи ҷаҳонишавӣ арзёбӣ гардида, мақсади асосии он аз байн бардоштани сарҳади давлатҳост. Ҷаҳони Ғарб бо сарварии абарқудрати Амрико имрӯз дар гирди кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва исломии Шарқи Миёна ва Наздик мечархад ва тори инқилобҳои исломиро метанад. Магар ҳадафи ниҳоии он демократӣ ва ҳуқуқбунёд кардани ин кишварҳо ва ҳукуматҳои онҳо буд?. Не, албатта. Балки ҳадаф аз иваз кардани режимҳо ба вуҷуд овардани шароит ва омилҳое мебошад, ки онҳоро дастнигари ин абарқудрат гардонад.

Омили асосии дастнигарии кишварҳои исломӣ ба Амрико худи Ислом мебошад. Ҳизбу ҳаракатҳои исломие, ки дар ҷаҳони исломӣ вуҷуд доранд, ҳама қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Гарчанде бисёре аз онҳо даъвои сохтани Хилофати умумиҷаҳонии исломӣ мекунанд. Ба ҳамин хотир, Амрико дар кишварҳои исломӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ зода ва парвардаи ҳамин геополитика мебошад, ҳаракате, ки дар солҳои 1970‑ум бо ташаббуси Ихвон‑ул‑муслимин ташаккул ёфтааст, мутаассифона аз санҷиши таърихӣ гузашта натавонист. Фаъолони ин Ҳизб исломро аз нуқтаи назари ихвонии Саид Қутб ва Ҳасан Банно ва китобҳои онҳо шинохтаанд. Афсонаи “сиёсати сабр” (политика терпения)-е, ки роҳбари Ҳизб – Муҳиддин Кабирӣ тӯли 5 соли охир талқин мекунад, ба усули “қадам ба қадам”-и Ихвон-ул-муслимин шабоҳат дорад. Тибқи ин усул, исломиҳо бояд аввал шароити инқилобро ба вуҷуд оранд ва пасон инқилобро роҳандозӣ кунанд.

Бахусус фаъолияти ин ҳизб дар солҳои охир косаи сабри ҷомеаи шаҳрвандиро аз амалкардҳои роҳбарон ва пайравони ҲНИ ва махсусан аз нақшаҳои фундаменталистии онҳо лабрез намуд. Ҷомеаи  тоҷик  намехоҳад Тоҷикистон аз зумраи кишварҳои ҷангзада ва ноороме чун Сурия, Ироқ, Ливия, Украина ва Афғонистон бошад.

Дар сурати фаъолияти ҲНИ барои миллати мо чӣ беҳбудие мешуд,  ба ғайр аз давлати исломӣ, ҷомеаи мардсолорӣ ва занҳои дар пушти дарҳо маҳкам чизе дода наметавонад. Бо ба сари қудрат омадани ин ҳизби исломӣ, ҳамаи онҳое, ки пайрави дигар динҳо ҳастанд ва ё диндор нестанд, аз ҳуқуқи иштирок дар сиёсат ва дигар  ҳуқуқҳои инсон маҳрум мешаванд. Дар ҳоле ки фақат мусулмонон метавонанд аъзои ин ҳизб бошанд.

Барои ҳамаи мардум ошкор аст, ки мардуми ҷангзада ва инқилобии Ироқ, Ливия, Миср, Сурия ва Украина, ки гӯё даъвои озодӣ ва демократия доштанд, айни ҳол дар орзуи як рӯзи осоишта ва беҷанг ҳастанд. Барои ҳар як фарди солимақл пайдост, ки барои гирдиҳамоиҳо, бесарусомониҳо, қатлу куштор ва ба коми оташ кашидани биноҳои маъмурӣ ва маишӣ ки ва барои чӣ маблағгузорӣ мекунад. Барои “мухолифон” ҳам ин пӯшида нест.

Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд?

 Магар онҳо намедонанд, ки барои Амрико ё ягон давлати дигари Аврупо муҳим нест, ки дар Тоҷикистон чӣ гуна низоми ичтимоиву сиёсӣ ё фарҳангӣ барқарор мешавад, муҳим он аст, ки тоҷикон аз решаҳои таърихии худ дур гашта ” худии худ”-ро фаромӯш созанд. Ва дар ин роҳ онҳо ягон чизро, аз ҷумла сарфу харҷи моддӣ, маблағгузориро дареғ намедоранд. Барои чӣ давлатҳои абарқудрат ба мисли ИМА, Канада ва дигарон бар зидди “Ал-қоида”, “Бародарони ислом”, Давлати исломӣ” дар Сурия мубориза мебаранду, нисбати фаъолияти иғвогаронаи “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии ӯзбекистон”, “Ҳизб-ут-таҳрир” “ҷамоати таблиғ”дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бефарқ ҳастанд? Илова бар ин ҳаракату ҳизбҳои номбурдароро кӣ тарҳрезӣ карду ва имрӯз онҳоро кӣ маблағгузорӣ менамояд? Илоҳиётшиносии муосир таъкид менамояд, ки ҳар он ашхосе, ки фарзҳои исломро иҷро менамояд мусалмон аст, вале  пайравони ҲНИ, яъне исломиёни сиёсӣ мехоҳанд, ки тамоми паҳлӯҳои зиндагии одамон бояд тобеи талаботи шариати исломӣ бошад.

Бигзор инсонҳо дар дину имону боварҳояшон озод бошанд, ки ин ҳам ҳаққи фитрии онҳост ва ҳам ҳаққи конститутсионии онҳост. Бешак, дар дунёи мутамаддин чунин аст ва дар сохтори дунявӣ бояд чунин бошад. Танҳо вақте имону эътиқоди инсонҳоро сиёсӣ карда, ба онҳо бозӣ мекунанд, ин хатарафзост.