Шаби гузашта тариқи шабакаҳои интернетӣ барномаи навбатии иғвоангезона М. Садридин намоиш дода шуд.

Ровии барнома, ки дар асл мақсади нопок дорад, бо овардани факту далелҳои беасос мехост идеяҳои ғаразноки худро ба ҳамагон расонад.

Вале бо боварии комил метавон иброз дошт, ки имрӯз мардуми кишвар ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итминони комил дорад ва бо иғвову дасисаҳои ин хоинони миллат ҳеҷ гоҳ фирефта нахоҳад шуд.

Хоинони миллат, шумо ки дар кишварҳои хориҷа аз ҳисоби “Спонсор”-ҳои хориҷии худ зиндагӣ доред ва бо мақсади канда нашудани ин сарчашмаи зиндагии худ, барномаҳои иғвоангез ташкил мекунеду мардумро ба иғво даъват менамоед. Шумо аз ояндаи миллат парвое надоред, ба қавле гӯр сӯзаду деги Шумо ҷӯшад. Беҳуда вақти худро барои ноором сохтани ҷомеа бо овардани факту далелҳои беасос сарф накунед.

Мардуми бофарҳангу бомаърифати миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба суханҳои иғвогароёнаи шумо бовар нахоҳанд кард.

Имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари дар ҳақиқат пешрафта табдил ёфта, камбудиҳо давра ба давра аз байн рафта истодаанд.

Мо ҷавонон ватани худро марҳила ба марҳила такмил медиҳем ва ниёзе ба шумо хоинон надорем.