Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расад. Аз қабули ин қонун 12 сол сипарӣ гардид, аммо иҷрои он ҳанӯз ҳам ҷавобгӯи замон нест. Дар паёми худ Президенти кишвар борҳо ба вазорату идораҳои дахлдор супоришу таъкид карданд, то ин ки пешгири аз ин кирдори номатлуб чораҳои ҷиддӣ андешанд. Дар замоне, ки ифротгароӣ ва терроризм ба хатари глобалӣ табдил ёфаасту тамоми мамлакатҳоро ба ташвиш овардааст. Иҷрои қонуни мазкур метавонад монеи ривоҷи ин мушкилоти аср дар кишвари мо шавад.

         Имрӯз ташвиши ҷомеаи ботамаддуни мо аз он аст, ки ифротгароён на садоқат ва муҳрубони ба падару модар доранд, на ба Ватан, на ба дину мазҳаб доранд. Қотилон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, техникаву технологияҳои пешрафта ба ҳар хонадони аҳли сайёра роҳ меёбанд ва бо ташвиқу тарӯиб ҷавононро ба сӯи худ ҷалб менамоянд.

         Аз зиндагиву амали ин фарзандон, ки аз қаламрави кишвар берун рафтанд ва бо ифротгароёну террористон пайвастанд, магар волидон ҳеҷ огоҳ набуданд? Дар гумон аст, ки бехабар мондаанд ва ё аз нақшаи зисту ояндаашон маълумоте надоштаанд. Пас, онҳо чӣ гуна ба воя расиданд ва таълиму тарбия гирифтаанд?

         Ба рафтору гуфторашон ба пуррагӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намекунем, назорат намебарем, ки бо киҳо, ба кадом шабакаҳои иҷтимоӣ шабҳо ворид мешаванд ва бо гурӯҳе дар алоқаанд.

         Аз ӯҳдадориҳои падару модар аст, ки «кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифода бурдани суханҳои қабеҳу беҷой, рафтори дағалона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд».

         Аз ин ҳуқуқу ӯҳдадориҳо камтар мешиносем ва дар иҷрои онҳо танбалӣ мекунем. Дар ин маврид, агар фарзандонамон шомили ташкилоту гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мешаванд, худро ҳеҷ гунаҳкор намеҳисобем.

         Таълиму тарбияи фарзанд нахуст аз оила шурӯъ мегардад. Ба ҷамъият бояд волидайн фарзандони ба ақлу дил солимро тақдим намояд. Аз фарзандони носолим ба ҷамъият тақдим карда, ҳатман хиёнат сар мезанаду онҳо муқаддасотро пушти по мекунанд.

         Бо раҳнамоии Пешвои миллат устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатщу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардондани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад. Бояд ҳақиқатро бишносему фарзандонро дуруст таълиму тарбия бидиҳем. Ин беҳтарин василаи пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мебошад.

         Мавлоно Камолиддини Биноӣ пояи камолоту сиришти нек ва ҳилму меҳрубонии башариятро дар илму фарҳанг дониста фармудааст:

         Камоли одамӣ дар илм бошад,

         Ҷамоли одамӣ дар ҳилм бошад.

Мирҳабиб Комилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд