Пӯшида нест, ки зуҳуроту ҳаводиси номатлуби замони муосир, ба монанди ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба сулҳу оромӣ ва амнияти тамоми мамолики ҷаҳон хатар эҷод кардааст. Ифротгароиву терроризм танҳо ба як минтақа ё сарзамин хос нест. Чуноне ки борҳо таъкид шудааст, он сарҳад, миллат надорад. Бо баробари тараққиёти илму техника, тарзҳои алоқа васоиту роҳҳои паҳн кардани амалҳову ғояҳои созмонҳову ташкилоти террористӣ низ вусъат меёбад. Имрӯз ҳамагон шоҳиди он ҳастанд, ки тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ  мафкураи қишри ҷавони ҷомеа тағйир дода мешавад. Даҳҳо ҷавонон бо ин роҳ ба доми фиреби сиёсии созмону ташкилотҳои террористиву экстремистӣ гардида, ҷони худро зери хатар гузоштаанд. Чуноне ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, “яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад”. Ҳоло имконияти технологияи муосир торафт хатари зуд ва дар фурсати кӯтоҳ паҳн намудани идеологияи ифротиву террористиро дар ҷомеа бештар намудааст. Сар задани ҳодисаҳои ваҳшиёна на танҳо боиси фавти аҳолӣ мегардад, ҳамчунин эътимоди аҳолиро нисбати мақомотҳои амниятиву давлатӣ коста гардонида, фаъолнокии сиёсии онҳоро то ба андозае суст мегардонад.

Чанд муддат аксарияти мардум гумон мекарданд, ки гӯё созмонҳои террористиву экстремистӣ аз байн рафтаанд. Аммо ҳодисаи рӯзҳои охири давлатҳои ҳамсоя далели он аст, ки чунин созмонҳо ба таври махфӣ дар ҷомеа фаъолият бурда истодаанд ва набояд нисбати оқибатҳои фоҷиабори фаъолияти созмонҳои иртиҷоӣ бепарвоӣ зоҳир намуд. Моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот, амнияти миллӣ ва пешрафти кишварамон ҳар лаҳза бирасем ва барои рушди ободии ҷомеа саҳмгузор бошем. Таърих гувоҳ аст, ки Тоҷикистон дар давраи аввали соҳибистиқлолӣ давраи нооромӣ ва бетартибиҳои сиёсиву низомиро паси сар намудааст ва мардуми кишвар чунин ҳодисаи харобиоварро, ки бо дасти созмонҳои ифротӣ ва бо пуштибонии ташкилоту давлатҳои хориҷӣ сурат гирифт, аз ёд набаровардаанд. Маҳз созмону ташкилотҳои террористиву ифротӣ аз чунин фурсат истифода намуда, даст ба қатлу куштор ва харобкорӣ заданд.

Ба амал омадани чунин ҳодисаи нохуш моро ҳушдор медиҳад, ки то ҳол созмонҳои ифротиву террористӣ интизори фурсатҳои муносиб ва аз пайи амалӣ сохтани мақсадҳои ғаразноки хеш мебошанд. Дар чунин шароит, ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ҳаво шарт ва асоси амалӣ намудани ҳамагуна ҳадафу барномаҳои созанда дар ҷомеа мебошад. Бидуни ҳифзи суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва ягонагии ҷомеа таъмин ва амалӣ сохтани ҳаргуна манфиатҳои давлатӣ ғайриимкон ва ба даст оварданаш аз назари воқеъбинона номумкин аст. Аз ҳамин нуқтаи назар шаҳрвандонро зарур аст, ба қадри оромиву суботи кишвар расида бошанд ва дар пешрафти Ватани азизамон саҳми муносиб гузоранд. Дар пешрафту мувафаққияти давлати Тоҷикистон таъмини амнияти миллии кишвар басо муҳим ва ҳифзи он яке аз вазифаҳои на танҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳар як шаҳрвандон, махсусан мо ҷавонони худогоҳу ватандӯсти кишвар мебошад.Рушду нумӯи ҳар ҷомеа ва давлат қабл аз ҳама аз фазои амниятии он вобаста мебошад. Таъмини амнияти шахс, гурӯҳ ва давлат имкон медиҳад, ки ҷомеа зина ба зина ҳадафҳои худро амалӣ созад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо вазъияти солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварамон мебошад.

Аз сабаби нооромии сиёсӣ давлат танҳо дар фикри ба эътидол овардани вазъи кишвар буд ва маҳз баъди ба имзо расидани «Сулҳи тоҷикон» мавзӯи рушди стратегии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Комёбиҳои ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷии кишвар баъди солҳои 2000-ум рӯи кор омаданд ва Тоҷикистон ба натиҷаи назаррас ноил гардид.

Имрӯз низ барои ноил шудан ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтару хубтари рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ моро зарур аст, ки суботу оромӣ ва амнияти давлатиро ҳифз намоем. Дар вазъияти имрӯза пешгирии роҳи паҳншавии идеологияҳои ифротиву террористӣ вазифаи ҳар шахс буда, муқобилияти шадид ва оштинопазир бо идеологияҳои иртиҷоӣ омили комёбӣ дар ин самт буда метавонад. Аз ин рӯ, ба қадри сулҳу амният расидан ва барои пешрафту ободии кишвар саҳм гузоштан вазифаи ҳар шаҳрванд, махсусан мо, ҷавонон мебошад.

                  Турсунова Ш.Т., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд