Дар ҷомеаи имрӯз аз ҳама хатаре, ки барои ташаккули миллӣ, ободию рушд халал ворид мекунад, ин ифротгароӣ ва терроризм ифротгароӣ мебошад. Мо тайи даҳ соли охир шоҳиди зиёд қатлу кушторҳо аз ҷониби ин гурӯҳҳо гардидаем. Махсусан вазъ дар шарқи наздик ва кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад. Зеро дар ин кишварҳо аксарият нерӯҳо аз гумроҳии ҷавонон исчтифода мебаранд.

Боиси изтироб ва нигаронист, ки баъзе ҷавонон бо сабабҳои паст будани дониши сиёсӣ, дунявӣ, динӣ ва ҳуқуқӣ, танг будани ҷаҳонбинӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ифратгаро шомил мегарданд. Хеле афсӯсовар аст, ки ҷавонони мо низ аз ин варта раҳоӣ намеёбанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо терроризму экстремизм чораҳои зарурӣ андешида шуда, амалӣ гаштанд. 23 декабри соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муковимат ба терриризм" қабул гардид. Мақсади Қонуни мазкур риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти давлат мебошад.

Боиси нигаронист, ки имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоии интернет воситаи асосии ҷалб намудан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ гаштааст. Мувофиқи моддаи 307-1, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ кардан, маъқул донистан ё ҳамовозӣ кардан бо маводи хусусияти террористию экстремистидошта ё ҷойгир намудани чунин мавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ, даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ ва сафедкунии экстремизм бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ҷинояткор эътироф гардида, барои содир намудани он аз панҷ то даҳ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 28 ташкилоти экстремистию террористӣ мамнуъ (манъ) эълон шудаанд. Ҳама гуна робита бо ин ташкилоти мамнуъ ҷиноят ва нафарони бо онҳо робитадошта ҷинояткор ҳисобида мешаванд.

Мақсади Қонун ҷазо додан нест, балки пешгирӣ намудани ҳама гуна ҷиноятҳост. Мувофиқи талаботи моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Шаҳрвандонро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, сатҳи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва дунявии худро мукаммал созанд, ба ваъдаҳои дурӯғу беасоси террористон фирефта нашаванд. Дар вохӯрӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супориш доданд, ки ҷомеа бояд насли бомаърифату босавод ва дороӣ фарҳанги инсониро ба камол бирасонанд.

Шаҳрвандон бояд оиди ин масъалаи муҳим фаъол бошанд, бо мақомоти дахлдор ҳамкории самаранок дошта бошанд. Фаъолон, зиёиён, шахсони масъул, омӯзгорон ва ходимони дин вазъи сиёсии ба амаломадаро ба эътибор гирифта бояд дар ҳамаи деҳаҳо ва маҳалҳо корҳои тарғиботу ташвиқотро боз ҳам тақвият бахшанд. Зеро ҳифзи амнияти миллӣ ва сулҳу субот вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мову шумост.

 

Аминҷонова. Р, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд