Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Аз ин рӯ эътибори давлат ба онҳо бештар аст.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо муҳим хондаанд ва гуфтаҳои эшон намунаи ибрат мебошад: ”Агар ҷавонон ояндаи миллат бошанд, ҷавонони боистеъдоду лаёқатмандро метавон моеи ифтихор ва сарбаландии он номид. Маҳз ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод қудрат доранд, ки бори гарони илму фарҳанги миллати хешро бар дӯш кашида, ҳамчун ҳалқаи зарурӣ дар занҷири маърифати аз насл ба насл омода хидмат намоянд:

        Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногузаштани наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмию абадӣ буданд, зинда доранд ва асри тилоаш миллати худро эҳё намоянд ҳамин гуна ҷавонон метавонанд, ки бо кашфиётҳои нави илмию техникӣ, бо асарҳои рангорангу пурмазмуни замонавӣ ва бо санъату ҳунари баланди худ миллат асрҳо бо фарҳангу тамаддуни хеш шӯҳратёфтаашро боз ҳам бештар шӯҳратманд гарданд ва дар назари оламиён исбот созанд, ки онҳо ворисони асили Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Ҳофизу Саъдӣ, Камоли Ҳуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Донишу, Садриддин Айнӣ мебошанд.

Имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат нисбати ҷавонон ғамхориҳои зиёд дида мешавад. Ташкил гардидани озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ-китоб аст. “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, стипендияҳои президентӣ далели ин гуфтаҳо мебошад

Боиси ифтихор аст, ки соли гузашта12 нафар донишҷӯёни донишкада дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм - фурӯғи маърифат”, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок намуданд. Санаи 28 октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор гардид.  Хушбахтона донишҷӯёни донишкада Абдураупов Манучеҳр дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи якум гардида, Файзиев Амонҷон ва Бобоев Сиёвуш дар номинатсияҳои физика ва технологияи иттилоотӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд. 5 нафари дигар бошад барои иштироки фаъолона соҳиби Ифтихорномаи озмун гардиданд.

       Ҳоло дар кишвари мо сулҳу субот пойдор аст. Ин заминаи мустаҳкамест барои фаъолияти озоди ҷавонон. Дар ин давраи пешрафти илмиву маънавӣ ҷавонони моро лозим аст, ки илмҳои замонаро пурра азхуд намоянд ва аз дастоварҳои оламиён бохабар бошанд, вагарна дар арсаи байналхалқӣ худро муаррифӣ карда наметавонанд. Дар Тоҷикистон соҳибистиқлоли мо ҳамаи шароит барои пешбурди кор муҳайё мебошад. Ниёгони мо мероси гаронбаҳои маънавиро баҳри ворисон гузоштаанд.

              Имрӯз насли ҷавон бояд ба ин ғамхориҳое, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар пешниҳод гардида истодааст, ҷавобгӯ бошанд ва аз пайи омӯхтани илму донишуда, барои ободию гулгулшукуфоии ватани худ камари ҳиммат банданд, аз хизмат ба Ватан-Модар саркашӣ нанамоянд. Ҳурмати калонсолонро ба ҷо оварда, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ-гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори некро пеша намоянд. Ба дуздию ғоратгарӣ, нашъамандию авбошӣ, террористию экстремистӣ ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо даст назананд ва шомил шаванд. Аз китобҳои дарсию бадеӣ бисёртар мутоила намуда, зеҳнашонро бурро ва ҷаҳонибиниашонро васеъ намоянд. Бо осори ниёгон шинос шуда, давомдиҳандаи кору паёкори онҳо бошанд.

 Қуддусова М.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд