Сулҳу осоиштагӣ, фазои софу беғубор, хандаҳои беғаши кӯдакон, таҳсили бемамониаи наврасону ҷавонон, озодии кулл дар ҷомеа беҳтарин неъмат барои насли одамӣ маҳсуб меёбад. 

Танҳо ҳамдиливу муросо метавонад миллатро ба сӯи шукуфоӣ раҳнамун намояд.  

Ба андешаи Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Давлат ҳам мисли падару модар аст. Насли калонсоли имрӯз тамоми зиндагӣ ва фаъолияти худро дар талошу мубориза барои рафъи буҳрону мушкилот ва бунёдкориву созандагӣ гузаронида истодааст

Насли калонсоли имрӯз бо ҳамаи камбудиву мушкилоте, ки дошт, давлатро аз нестиву миллатро аз парокандагӣ наҷот дод, дар кишвар сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллиро таъмин намуд ва пояҳои давлатдории миллиро устувор гардонид.

Акнун насли калонсол, яъне падару модарон фақат як орзу доранд, ки фардои Тоҷикистонро боз ҳам ободу пешрафта, марзу буми ин давлатро орому осуда ва ҳар фарди миллатро хушбахт бинанд. Шумо таҷрибаи дӯст доштани Ватан, обод намудани он ва ҳифзи манфиатҳои миллиро аз насли калонсол омӯзед.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Аммо, мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо ҳастанд қувваҳое, ки пешрафти мамлакатамонро нодида мегиранд. Мехоҳанд бо ҳар баҳона камбудиҳои ҷузъии ҷомеаро бузург нишон дода, ҷомеаро ба гирдоби нобасомониҳо кашанд. Ин амалкардҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мақом ва мавқеи устувор дошта бошад. Аммо фаъолияти бархе аз гурӯҳҳову ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ дар кишвар боиси коста гаштани обрӯи кишвар мегардад. Созмони “Паймони миллӣ” аз ҷумлаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзалатии худро аз даст дод, балки пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамояд.

Мо ҷавононро талқин мекунем, ки танҳо илм омӯзанд ва роҳи ростинро пеша созанд.

 

Тоҳирҷон Тоҳиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд