Дар таърихномаи ҳар як халқияту миллат саҳифаҳои сабақомӯзу пурарзише ҳастанд, ки ояндагон онро бо муҳаббат ба хотир меоранд.  

Ба имзо расидани "Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 сол қабл беҳтарин армуғон ба халқи шарифи кишвар маҳсуб мешавад.

Бояд қайд намуд, ки сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи мо ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонию ноҳамворро тай намоем.

Монеаҳои сангинро аз миён барем ва мушкилоти гаронро паси сар намоем. Халқи заҳматкашу  баору номус, ватандӯст ва сулҳпарвари тоҷик тавонист дар муддати кӯтоҳ таҳти роҳнамоии Сарвари давлат оташи ҷангро хомӯш кунад, Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, фирориёнро ба Ватан баргардонад ва ба ободии мамлакат камар бандад.

Мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки фарҳанги сулҳофарини тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф шудааст

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо намудааст. Пояҳои Истиқлолияти давлатӣ сол ба сол қавитар мегарданд.

Барқарории сулҳу ваҳдат ба кулли мардуми ҷумҳурӣ, аз ҷумла меҳнаткашони ноҳияи мо низ имкон фароҳам овард, ки ба корҳои созандагию бунёдкорӣ мустаҳкам камар баста, иқтисодиётро пешрав гардонанд, дараҷаи зисту зиндагонии мардумро боло бардошта, ба зинаҳои баланди тараққиёт устуворона қадам гузоранд.

Воқеан, ваҳдати миллӣ ифодагари мафҳумҳои ягонагӣ, якпорчагӣ ва созандагӣ мебошад. 

Бе Ваҳдати миллӣ дирӯзу имрӯзу фардо, таҳкими истиқлолият, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ имкон надорад. Пас, мо вазифадорем онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи омодагиҳои комил ба ҷашни 35 -солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Ин моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта корҳои созандагиву ободониро вусъат бахшем, симои ноҳияро беҳтар намоем ва ин ҷашни таърихии миллатро бо нишондиҳандаҳои назаррас истиқбол гирем.

Изҳори боварӣ карда мешавад, ки мардуми меҳнатқарини ноҳия баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ қадамҳои устувор гузошта, дар соҳаҳои хоҷагии халқ пурмаҳсулона меҳнат менамоянд.

Ин ҷашни бузургу таърихии миллатро бо натиҷаҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Муҳайё Тошхӯҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд