Имрӯзҳо тамоми давлатҳои ҷаҳон бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуда истодаанд, ки ҷанбаи пурқуввати мафкуравиро бо худ касб намудаанд ва бадбахтона, бо вуҷуди муборизаи шадид, он тавсия ёфта истодааст. Коршиносони ин соҳа дар он ақидаанд, ки падидҳои номатлуб ин маҳсули эҷоди ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байни идораҳои иктишофии ИМА, Арабистони Саудӣ ва Покистон медонанд, ки дар солҳои 80уми асри гузашта барои муқовимат алайҳи фирқаи коммунистҳо “Ал-қойида”-ро офарида буданд. Аслан ҳам, агар ба даҳсолаи охир назар афканед, тамоми ранҷу азоб ва кулфати мардум маҳз бо радикализм, терроризму ифротгароӣ иртибот мегирад. Мусаллам аст, ки дини мубини ислом ниёз ба ҳизбу ҳаракатҳои расмиву ифротӣ надорад. Чӣ хеле, ки аз таърих огаҳем дини мубини ислом ин дини дӯстию бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, бунёдкорист. Аслан онҳое,ки мехоҳанд, аз номи ислом ба ҳадафҳои нопок расанд ва онро бадном мекунанд ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.

Ба ҳамин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон зикр карда буданд: “Терроризм  ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст,ки террорист ватан, миллат ва дину маҳзаб надорад, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

Имрӯз гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилооотӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоии интернет, дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат ташвиқ менамоянд.

Ҳамчунин, ба амнияти миллии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар фаъол будани ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) хатар эҷод мекунад. Ин ҳизб бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 ҳизби террористӣ ва экстремистӣ эълон гаштааст.

Мо набояд солҳои 90-уми асри ХХ-ро аз хотир барорем, ки дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёр ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ, ки зиёда аз 150 ҳазор нафар сокини кишвар ба ҳалокат расид ва зарари умумии он зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Масъалаҳои муқовимат ба терроризму экстремизм доимо дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллати мо қарор доранд ва ҷиҳатҳои пешгириии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу суботи минтақа чораҳои мушаххас андешида истодаанд.

Бо дастгирии Президенти мамлакатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хориҷи кишвар зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон, ки бо мақсади шомил шудан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни террористиву ифротгаро рафта буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Инчунин, 84 нафар кӯдакону ноболиғон, ки ҳамроҳ бо волидайни худ ба Ироқ рафта, дар он ҷо бе парастору саробон монда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои ҷаҳон муваффақ гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Аз ин лиҳоз, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ чун Созмони Милали Муттаҳид ҳамкорӣ мекунад ва Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии онҳо пурра дастгирӣ менамояд.

Ҳамин тариқ, имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дучори хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти тадбиру роҳҳои муқовимат ба онҳо водор месозад. Мо бояд ҷавонон ҳамеша аз ин таҳдиди ҷаҳони муосир хабардор бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Набиева Ҳ.Н., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд