(посух ба Саидюнуси Истаравшанӣ )

Саидюнуси Истаравшанӣ яке аз думравони Муҳиддин Кабирӣ, ки бо мазҳабфурӯшии худ шӯҳраи олам шудааст,  дар шабакаи иҷтимоӣ “роҳбар”-и маънавии худро ба инсони поку зоҳид, худотарсу фазилатпеша баробар карда, аз суханрониҳояш дар гуфтугӯи мустақим бо мардум, ки шаби 18 –уми январ сурат гирифта буд, ёдовар шудааст. Бояд гуфт, ки  ин аввалин вокуниши Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди аъзои ҳизбаш, ки бо сеҳру ҷоду даст ба домони занон мезанад, аст. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои телевизионии кишвар сокинон шоҳиди чандин наворҳои видеоӣ гардида буданд, ки домуллотарошони беимон, ки дар маҳалу гузар ва ҳатто шаҳру ноҳияҳо соҳиби обрӯю эътибори хосса доштанд, бинобар содагии мардум аввалан маблағи онҳоро бо роҳи фиреб ба даст меоварданд, сониян бо баҳонаи кушодани бахт ва фатҳу кушоиш ҳатто даст ба домани иффат мезаданд. Аввалҳо худи мардум ба ин воқеаҳои гушношунид бовар намекарданд ва дар гӯшаи хаёлашон низ ҷойгир намекарданд, ки наход чунин мӯйсафедони Худтотарс, ки аз ҳар суханашон калимаҳои мубораку муқаддаси Худову Расул садо медоданд, даст ба амалҳои нангин зананд. Баъдан, вақте наворҳои пинҳониро насб карда, аз “хутбахониҳои” онҳо огаҳ шуданд, лаънати бисёр ба ин нафарон хонданд. Аксари ин домуллоҳои беимон, ки аз кӯчаи одобу ахлоқ ва диниву диёнат нагузаштаанд, парвардаҳои Ҳизби наҳзати исломанд. Мақсади ин нафарон, ки бо супориши махсуси хоҷагонашон иҷро мекарданд, беобрӯй кардани давлат ва Ҳукумати кишвар, бор кардани тӯҳмат бар сари олимони воқеан ҳам диншиноси тоҷик мебошад. Корномаҳое, ки дар шаҳрҳои Панҷакент, Ҳисору Восеъ аз ҷониби ин гуна домуллотарошону дамандозон сурат гирифта ғазабу ғиреви халқро дуболо намуд. Охир инсоф ку. Ба даргоҳи ин нафарони беандешаву золим нафароне меоянд, ки дар зиндагӣ худ ба шикаст дучор шудаанд. Яке рӯи фарзандро надидааст, дигаре аз бевафоии шавҳар ва моил шуданаш ба ҳамсари худ соддалавҳона ба ин “табибон” муроҷиат мекунад, аммо дар ҷавоб худ хушунат мебинад. Аксари ин руҳшиносон чунони психологҳои машҳур шудаанд, ки дар як лаҳза занонро ба сеҳри худ медароранд. Кайфияти яклаҳзина дину имони онҳоро месӯзонад. Ҳа, ин нафарон дину имон надоранд, онҳо ҳизб доранд, бо номи наҳзат. Онҳо роҳбар доранд бо номи Кабирӣ, ки ба хотири ба даст овардани манфиат ба ҳама чиз қодиранд. Боз Кабирӣ чун фариштаи бегуноҳ айби ҳамсафони худро рӯйпӯш карда, чунин амалҳоро инкор мекунад, балки ҳушдор ҳам медиҳад, ки чунин наворҳоро онҳо ҳам доранд. Ин дурӯғи маҳз аст. Кабирӣ дар баромадаш боз ишора кардааст, ки дар масъалаи сиёсӣ ба миён гузоштани обрӯи зан, хоҳар ва модарон  ҷоиз нест.Ин суханонро нафаре гуфта истодааст, ки худи аъзояш даст ба фаҳш мезанад. Ислом қудрати ислоҳ кардани ҳамаи гуноҳҳои бандагонашро дорад, дар сурате, ки бандааш дар назди Худо тавба намояд. Исломро бо таассуб не, бо дилаш бишносад. Ин “мӯъбадон”, донандагони илми “исломӣ” дар назди мазҳару ом, дигар сухан мекунанду дар хилват кори дигар.  Ва Саидюнус худ медонад, ки домуллоҳои беимон аксар ба ӯву роҳбараш итоат карда дар кунҷи дилаш билети партиявиро муқаддас мешуморанд, на имону эҳсоси Худотарсиро ....

Шуҳрат Усмонов,

мудири кафедраи сохтмони ДПДТТ, номзади илмҳои техникӣ