Дар даҳсолаҳои охир истифодабарии энергетикаи офтобӣ дар ҷаҳон бо суръати баланд рушд ёфта, нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ ҷузъи инфрасохтори энергетикии бисёр кишварҳо гардидаанд. Рушди технологияҳои офтобӣ ба иқтисодиёт таъсири калон мерасонад. Интизор шудан мумкин аст, ки дар даҳсолаҳои наздик энергияи офтобӣ дар кишварҳо ва минтақаҳое, ки захираҳои максималии "офтобӣ" доранд як такони рушди иқтисодӣ мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иқтидори техникии энергияи офтобӣ (бо истифода аз воситаҳои мавҷудаи техникӣ ва технологӣ ҳисоб карда мешавад), ки ҳар сол ба сайёраи мо ворид мешавад, назар ба захираҳои барқароршавандаи ҳама сӯзишвории органикӣ (ангишт, торф, нафт, гази табиӣ) якчанд маротиба зиёдтар аст. Агар энергияе, ки дар як сол ба сайёраи мо Офтоб ворид мешавад, ба сузишвории эквивалентӣ табдил дода шавад, пас ин рақам қариб 100 триллион тоннаро ташкил медихад. Ин аз эҳтиёҷоти мо даҳ ҳазор баробар зиёд аст.

         Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ қайд намуданд: “Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.”.

Барои рушди ин соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ шудааст. То имрӯз чунин Қонун ва санадҳо баҳри рушди ин соҳа қабул гардидааст:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010);
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 № 116 оид ба “Қоидаҳои пешбурди кадастри давлатии манбаъҳои барқароршавандаи энергия”;
  • Қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тасдиқ намудани “Оинномаи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршаванда”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия (Қонуни ҶТ аз 19.09.2013 № 1911)
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №51 оид ба “Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027”

Такмили технологияи энергияи офтобӣ ба он оварда расонд, ки арзиши ҳосилкунии 1 кВт/соат нерӯи барқдар нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ торафт паст шуда истодааст. Ғайр аз ин таъсири он нисбат ба таъсири антропогении сӯзишвории истихроҷшаванда, ки бо мақсади ба даст овардани энергия сӯзонда мешавад, бояд ба назар гирифта шавад, ки аллакай боиси тағирёбии биосфераи сайёраи мо шудааст.

Таҷрибаи давлатҳои рушдёфта нишон медиҳад, ки истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Инчунин ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолии минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ, рушди ин минтақаҳо ва ҳавасмандгардонии онҳо барои зист дар ин минтақаҳо бо роҳи ташкил намудани системаи таъминот бо қувваи барқ ва гармӣ, ҳифзи муҳити зисти ин минтақаҳо, аз ҷумла эмин нигоҳ доштани ҷангалу буттаҳо, рушди сайёҳӣ, зиёд намудани саҳми минтақаҳо дар амнияти озуқавории кишвар, аз худ намудани захираҳои табиии барои рушди соҳаи саноат тавассути ба истифода додани корхонаҳои саноатии хурд, таъсиси ҷойҳои кории нав ва мутаносибан паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.

Бо назардошти камшавии захираҳои энергетикӣ, нақши истифодабарии манбаҳои барқроршаванда дар бисёр кишварҳо ҳамасола баланд шуда истодааст.

Боиси тазаккур аст, ки ҷомеаи муосир дар остонаи дигаргуниҳои назаррас дар соҳаи энергетика мебошад. Афзоиши мушоҳидашудаи истифодабарии энергияи офтоб на танҳо як пешрафти технологӣ, балки дигаргунии фарҳангӣ низ мебошад. Дар саросари ҷаҳон ҷорӣ шудани технологияҳои офтобӣ самаранокӣ ва бехатарии экологии онҳоро тасдиқ мекунад. Ин тамоюл аз хоҳиши инсоният барои рушди устувор ва ҷустуҷӯи фаъоли алтернативаҳои сӯзишвории истихроҷшуда шаҳодат медиҳад.

Гузариш ба энергияи офтобӣ на танҳо як тамоюли тақозои замон, балки зарурати вобаста ба омилҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад.. Ҳар сол технологияи офтобӣ дастрастар, муассир ва эътимодноктар мегардад ва онро як ҷузъи калидӣ дар мубориза бо тағирёбии иқлим ва бунёди ояндаи устувори энергетикӣ барои ҳама месозад.

Аюбова Фарида Азимҷоновна

ассистенти кафедраи молия ва қарзи

ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ