Дар замони ҷаҳонишавии босуръат мо амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ, зиндагии орому осуда ва устувории пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамон вақт пурра таъмин карда метавонем, ки барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ пайваста саъю талош варзем ва кӯшиш намоем, ки арзишҳои диниамон барои рушди давлатамон хизмат намоянд ва ба ҳаёти маънавии мо ранги тоза бахшанд.

Бояд эътироф кард, ки тамоми пешрафт ва саодати бегазанди мардум аз иттиҳоду сарҷамъист, зеро муттаҳидӣ ҳамеша нусрату баракатро дар зиндагӣ по бар ҷо месозад. Асоси пойдеворӣ мустаҳкамии ҳар як давлат бевосита аз якдиливу ҳамбастагии қавму миллатҳо замимаи худро гузоштааст. Хеле ҷолибу хушҳолкунанда аст, ки вақте мепурсанд аз куҷоӣ мо бо ифтихору сарбаландӣ тоҷику тоҷикнасаб буданамонро муаррифӣ менамоем. Албатта мо тоҷикем, тоҷики асил. Дар куҷое, ки қарор надошта бошем, хуни тоҷиамон ҳасту решаи мо ориёист. Хоҳ дар Хуҷанду Кӯлоб ва хоҳ дар ғарбу шарқи олам бошам ҳам муҳим аст, ки ман тоҷики тоҷдорам! Маҳз чунин ақидаҳо моро иттиҳод намуда, замина мегузорад, ки дар оянда миллатамонро сарбаланд гардонида бошем.

Ҳамаи муваффақият ва чунин иттиҳодиро на ҳар шаҳрванди кишварамон дар ниҳоди худ парварида метавонад, ки ин боиси таассуф аст. Зеро имрӯз давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои тамоми мардуми кишварамон шароити мусоидеро барои барои зиндагонии шоиста фароҳам овардааст. Пас моро мебояд, ки дар эъмори чунин давлати мустақил ва мардумони озоду хушбахт, роҳу равиши тарбияи ватанпарастиамонро дучанд гардонида, мардумонро ба ягонагӣ ва дӯстӣ даъват намоем. Ин аст қарзи ҳар як шаҳрванди фахрии миллати азизамон Тоҷикистон.

Миллати тоҷик миллионҳо сол қабл арзи ҳастӣ дошт ва имрӯз мақому манзалаташ дар тамоми олам беш аз пеш баланд гардида, ҳамаи соҳаҳои афзалиятноки кишварамон рушду нумӯъ ёфтааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки мардумони миллати тоҷик то ба имрӯзи озодӣ расидан аз беиттиҳодиву қасду нифоқи душман рӯзгори ниҳоят сахту сангинро аз сар гузаронида, азоби дарбадарию бечорагӣ кашидаанд ва хушбахтӣ матонату ҷасорат ва тамкини онҳо ғалаба карду имрӯз фазои орому осудаҳолӣ дар мамлакат ҳукмрон гардид.

Ифтихор аз ватану ватандорӣ, рисолати худро донистану гиромӣ доштани арзишҳои милливу маънавӣ аз ҷониби мардум ин нишонаи саодати бузурги давлатдорист. Вазифаи ҳар як шаҳрванди баору номус аст, ки ҳар як порчаи ватани азизамонро ҳифзу ҳимоя намоем. 

Низомадинова Р. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд