Вазъияти ҳассоси сиёсии ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки ҳар як миллат ба хотири дифоъ аз марзу бум ва сокинонаш барои ангезиш наёфтани ҷараёнҳои зиддидавлатӣ мубориза барад. Махсусан он кишварҳое, ки чунин рӯзи сиёҳ ва наҳсро паси сар намудаанд, дар ин росто бояд ҳушёру зирак бошанд. Тоҷикистон оғози истиқлолияти хешро бо ҷурми чанде аз мансбхоҳони ҷоҳталабон бо ҷанги бародаркуш оғоз намуд, ки ин ҳодисаи нангин дар хотираи таърих хохад монд. Аммо корнамоҳою ҷоннисориҳои фарзандонаи фарзонаи миллат дар такя ба нерӯи боэътимоди халқ низ ҷовидона хоҳад монд. Мо имрӯз бо корномаҳои шахсиятҳои варзидаи ҳукумати муосир, ки дар саргаҳи он   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд, ифтихор дорем.   

Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар шахсиятҳое  пайдо шуда истодаанд, ки  боистифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири манфиатҳои шахсони беруна оташи ҷангу ҳусуматро дубора аланга додан мехоҳанд.  Яке аз рақибони заифи Ҳукумати имрӯза  Ҳизби мамнуъи наҳзати исломии мебошад, ки пас аз шикасти худ дар интихоби охирон мехоҳад бо дасисаву иғво тарафдорони худро дар дохил ва хориҷи кишвар зиёд намояд.  Аксарияти нафарони бедору ҳушёр, ки бо барномарезиҳои ин ҳизб ошно аст, медонад,  ки ин ҳизб тӯли 40 соли арзи мавҷудияташ танҳо инсонҳоро ба тафриқа андохтаву оташи бадбиниро байни ҳамдигар меафрӯхт. Мардуми шарафманди тоҷик сидқан боварӣ ҳосил намуд, ки ин ҳама бозиҳои ҳизбӣ танҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ ва ҷоҳу мансаб будааст. Ин гурӯҳ то ба имрӯз аз мақсаду нақшаҳои иғвогаронаи худ даст накашидаву таҳти роҳбарии саркардагонашон дар ба дари ташкилотҳои байналхалқӣ ҳукумату миллати тоҷикро санги туҳмату маломат мезананд. Пас аз он, ки мардум дигар ба суханони «намакин»-и онҳо бовар намекардагӣ шуд, ба хотири эътимоду боварии мардум бо ҷалби як зумра «равшанфикрон» гурӯҳи наверо бо номи «Озодандешагон» таъсис дод.  Ва ин гурӯҳии «босаводон» имрӯз бо истифода аз расонаҳои электронии олам мехоҳанд бо дурӯғу бӯҳтон ба сари давлати тоҷикон санг заданӣ мешаванд. Онҳо як рисолат доранд, ин ҳам бошад ноооромии кишвари мо ва табадуллоти давлатӣ. Аммо ин нафарон ва хоҷагони онҳо бехабаранд, ки имрӯз мардуми маърифтпарвар ба қадри сулҳу оштӣ, ваҳдату ягонагӣ мерасад. Ва намегузорад, ки нохалафе ба хотири мнфиатҳои худ ҷомеаро ноором созад.

Воқеан ҳам сол то сол сатҳи зиндагӣ ва ҷаҳонбинии шаҳрвандонамон боло меравад. Имрӯз дар қиёс ба даҳ соли пешин шумораи ҷавонони рӯ ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷа ниҳода ба маротиб зиёд гардидааст. Ҳатто он волидоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз Вазорати маориф ва илми кишвар дархост намуда истодаанд, ки дарсҳои мустақим,  маҷлиси падару модаронро тариқи интернет ташкил намоянд, то онҳо аз рафти дарсгузарии фарзандон аз наздик огоҳии комил дошта бошанд. Ин нишонаи он аст, ки имрӯз мафкураи мардум баланд шудааст. Дигар шаҳрвандон аз вазъи пасти зиндагӣ шиква намекунанд, балки ғами ояндаи фарзандонашонро фикр мекунанд.

Мо бар ин боварем,  ки халқи тоҷик, дастовардҳои меҳнатиро боз ҳам афзунтар намуда, барои пойдории ҷовидонаи сулҳу субот ва оромии кишвари соҳибистиқлоламон аз пештар бештар саҳм хоҳанд гузошт. Ва ба чунин носипосон ҷавоби саривақти ва сареъ хоҳанд дод.

 Дилрабо Комилова,

Руслан Бобохоҷаев, устодони кафедраи технологияи хӯрока