Мо - зиёиён дар назди насли имрўзу фардо вазифадорем, ки Истиқлолияти давлатии худро ҳимоя намуда, баҳри боз ҳам шукуфоии кишвар, осудагии халқу миллати тамаддунофари тоҷик саҳмгузор бошем.

Онҳое, ки имрўз бо номи ислом ба корҳои ношоиста ва кирдорҳои номатлуби хилофи аркони динию мусалмонӣ даст мезананд,  кўшиш намуданд, ки обрў ва нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ тамоми воситаҳоро истифода намуданд. Рафтори ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонии ашхоси шомил ба гурўҳҳои ифротгаро, ки боиси халалдор гардидани амнияти миллату давлати соҳибистиқлоли мо мегардид, махсусан, тахрибкорию қатли инсонҳои бегуноҳ, истифодаи дину мазҳаббаҳрирасидан ба ҳадафҳои нопоки ифротгароию террористӣ, ба иззату шаъни инсонӣ созгор нест. Онҳое бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки шахсии худ ба чунин аъмоли тахрибкорӣ, кушторҳои ваҳшиёна, ҷанги бародаркуш даст заданд, ки ҳадду андозаи инсонигариро намедонанд, лоиқи номи инсонӣ нестанд. Имрўз, ки ҳадафҳои нопоки собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ба аҳли ҷомеа тамоман равшану ошкор шудааст, аз ҳар як нафар шахси ватанпарвару ватандўст баҳри решакан кардани ин гуна падидаҳои номатлуби ҷомеа масъулияти ҷиддӣ тақозо мешавад. Давлату ҳукумат, мардум ва ҷомеаи сулҳпарвари Тоҷикистони азиз имрўз аз ҳодисоти нангини ба сари миллату давлати мо омада сабақи бузурги таърихӣ гирифта, минбаъд намегузорад, ки ҷомеаи моро чунини қувваи зулмонию аҳриманӣ фарогир шавад.

Мо, устодон чунин рафтори ношоиста ва ваҳшиёнаи афроди ҷиноятпешаро ҳамаҷиҳата маҳкум мекунем. Бахусус ки имрўз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои наҷибу созанда, бунёдкорона ва хирадмандонаю башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хоса пайдо намудааст, бо боварии комил зикр менамоем, ки мардуми шарифи кишвар дар атрофи ин сиёсати созанда боз ҳам муттаҳидтар гардида, бахотири ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо ин гуна хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат сарҷамъона муборизаи беамон мебарем.

 

Абдушукур Назаров, доктори илмҳои иқтисод,

Азизулло Авезов, доктори илмҳои иқтисод,

Анвариддин Муҳиддинов, доктори илмҳои кишоварзӣ